Зеҳн
Ҳафтахтар Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 349 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ғамаш доман гирифта в-ӯ ба ғам шод,
Чу ганҷе, к-аз харобӣ гардад обод.
Зи ғам тарсон ба ҳушёриву мастӣ
Чу мор аз сангу гург аз чӯбдасте.
Дилаш нолону чашмаш зору гирён,
Ҷигар аз оташи ғам гашта бирён.
Илоҷи дарди бедармон надонист,
Ғами худро сару сомон надонист.
Фурӯ монда чунин танҳову ранҷур,
Зи ёрон мунқатеъ в-аз дӯстон дур.
Гирифта ишқи Ширинаш дар оғӯш,
Шуда пайванди Фарҳодаш фаромӯш.
На рухсат, к-аз ғамаш ҷоме фиристад,
На кас маҳрам, ки пайғоме фиристад.
Гар аз даргоҳи ӯ гарде расидӣ,
Ба ҷои сурма дар чашмаш кашидӣ
В-агар дар роҳи ӯ дидӣ гиёе,
Бибӯсидиву бархондӣ саное.
Ба сад талхӣ рух аз мардум нуҳуфтӣ,
Сухан ширин ҷуз аз Ширин нагуфтӣ.
Чунон пиндошт он дилдодаи маст,
Ки сӯзад ҳар киро, чун ӯ диле ҳаст.
Касе, к-аш оташе дар дил фурӯзад,
Ҷаҳон яксар чунон донад, ки сӯзад.
Чу бурдӣ номи он маъшуқи чолок,
Задӣ бар ёди ӯ сад бӯса бар хок.
Чу сӯи қасри ӯ наззора кардӣ,
Ба ҷои ҷома ҷонро пора кардӣ.
Чу ваҳшитавсан аз ҳар сӯ шитобон
Гирифта унс бо ваҳши биёбон.
Зи маъруфони ин доми забунгир
Бар ӯ гирд омада як дашт нахчир.
Яке болингаҳаш руфтӣ, яке ҷой,
Яке доман-ш бӯсидӣ, яке пой.
Гаҳе бо оҳувон хилват гузидӣ,
Гаҳе дар мавкиби гӯрон давидӣ.
Гаҳе ашки гавазнон дона кардӣ,
Гаҳе дунболи шерон шона кардӣ.
Ба рӯзаш оҳувон дамсоз буданд,
Гавазнонаш ба шаб ҳамроз буданд.
Намудӣ рӯзу шаб чун чарх новард,
Нахӯрдиву наошомидӣ аз дард.
Бад-он ҳинҷор, к-аввал роҳ рафтӣ,
Агар раҳ ёфтӣ, як моҳ рафтӣ.
Агар будӣ-ш сад девор дар пеш,
Надидӣ, то накардӣ рӯи ӯ реш

пешина
аз 349
навбатӣ