Ҳафтахтар Ҷилди 3

В-агар тире ба чашмаш-дар нишастӣ,
Зи мадҳушӣ мижа бар ҳам набастӣ
В-агар пеш омадӣ чоҳе-ш дар роҳ,
Зи бепарҳезӣ афтодӣ дар он чоҳ.
Дил аз ҷон баргирифта в-аз ҷаҳон сер,
Бало ҳамроҳ дар болову дар зер.
Шабеву сад дареғу нола то рӯз,
Дилеву сад ҳазорон ҳасрату сӯз.
Раҳ ар дар кӯю гар дар кох кардӣ,
Нафираш сангро сӯрох кардӣ.
Нишоте, к-аз ғами ёраш ҷудо кард,
Ба сад қаҳр он нишот аз дил раҳо кард.
Ғаме, к-он бо дилаш дамсоз мешуд,
Дуаспа пеши он ғам боз мешуд.
Адими рух ба хуни дида мешуст,
Суҳайли хешро дар дида меҷуст.
Нахуфт, арчанд хобаш мебибоист,
Ки дар бар дӯстон бастан нашоист.
Дил аз рахти худӣ бегона будаш,
Ки рахти дигаре дар хона будаш.
Аз он буд нақши ӯ шӯрида пайваст,
Ки нақши дигаре бар хештан баст.
Наосуд аз давидан субҳ то шом,
Магар, к-аз хештан берун ниҳад гом.
Зи тан мехост то дурӣ гузинад,
Магар бо дӯст дар як тан нишинад.
Набуд огаҳ, ки мурғаш дар қафас нест,
Ба майдон шуд малик, дар хона кас нест.
Чунон бо ихтиёри ёр дарсохт,
Ки аз худ ёри худро бознашнохт.
Агар дар нуру гар дар нор дидӣ,
Нишони ҳаҷру васли ёр дидӣ.
Зи ҳар нақше, ки ӯро омадӣ пеш,
Ба некахтар задӣ фоли дили хеш.
Касе дар ишқ фоли бад нагирад
В-агар гирад, барои худ нагирад.
Ҳар он нақше, ки ояд зишт ё хуб,
Кунад бар коми хеш он нақш мансуб.
Ба ҳар ҳафта шудӣ меҳмони он ҳур,
Ба дидоре қаноат кардӣ аз дур.
Дигар раҳ роҳи саҳро баргирифтӣ,
Ғами он дилситон аз сар гирифтӣ.
Шабонгоҳ омадӣ монанди нахчир
В-аз он ҳавза бихӯрдӣ шарбате шир,
Ҷуз он шир аз ҷаҳон хӯрде набудаш,
Бурун з-он ҳавз новарде набудаш,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё