Зеҳн
Ҳафтахтар Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 349 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

На сабри он, ки дорад барги дурӣ,
На барги он, ки созад бо сабурӣ.
Фурӯ рафта дилашро пой дар гил,
Зи дасти дил надода даст бар дил.
Забон аз кору кор аз об рафта,
Зи тан нерӯ, зи дида хоб рафта.
Чу дев аз заҳмати мардум гурезон,
1
Фатон хезонтар аз бемори хезон.
Гирифта кӯҳу дашт аз беқарорӣ
В-аз ӯ дар кӯҳу дашт афтод зорӣ.
Сиҳисарваш чу шохи гул хамида,
Чу гул сад ҷой пероҳан дарида.
Зи гиря булбула в-аз нола булбул,
Гиреҳ бар дил зада чун ғунчаи гул.
Ғамашро дар ҷаҳон ғамхорае не,
Зи ёраш ҳеҷ гуна чорае не.
Дуто з-он шуд, ки аз раҳ хор меканд,
2
Чу хор аз пои худ мисмор меканд.
На аз хораш ғами доман даридан,
На аз теғаш ҳароси сар буридан.
Зи дурӣ гашта савдоӣ ба як бор,
Шуда дур аз шикебоӣ ба як бор.
Зи хун ҳар соат афшондӣ нисоре,
Падид овардӣ аз рух лолазоре.
Зи нола бар ҳаво чун килла бастӣ,
Фалакҳоро табақ дарҳам шикастӣ.
Чу тифле ташна, к-обаш бояд аз ҷом,
Надонад оброву дояро ном,
Зи гармӣ бурда ишқ ороми ӯро,
Ба ҷӯш оварда ҳафт андоми ӯро.
Расида оташи дил дар димоғаш,
Зи гармӣ сӯхта ҳамчун чароғаш.
Зи маҷрӯҳӣ дилаш сад ҷой сӯрох,
Равонаш бар ҳалоки хеш густох.
Балову ранҷро омоҷ гашта,
Бало з-андоза, ранҷ аз ҳад гузашта.
Чунон аз ишқи Ширин талх бигрист,
Ки шуд овози гиря-ш бист дар бист.
Дилаш рафта, қарору бахт мурда,
Пайи дил медавид он рахтбурда.
Чунон дармерамид аз дӯст, душман,
Ки ҷоду аз сипанду дев аз оҳан.

Афтон, базӯр; афтону хезон.
Мехи оҳанин.

пешина
аз 349
навбатӣ