Ҳафтахтар Ҷилди 3

Бино чандон тавонад буд душвор,
Ки банноро наомад даст дар кор.
Агар сад кӯҳ бояд канд пӯлод,
Забун бошад ба дасти одамизод.
Чи чора, к-он бани Одам надонад,
Ба ҷуз мурдан, к-аз ӯ бечора монад!
ОМАДАНИ ШИРИН БА ДИДАНИ ФАРҲОД
Хабар бурданд Ширинро, ки Фарҳод
Ба моҳе ҳавза басту ҷӯй бикшод.
Чунон, к-аз гӯсфандон шому шабгир
Ба ҳавз ояд ба пои хештан шир.
Биҳиштипайкар омад сӯи он дашт,
Ба гирди ҷӯи ширу ҳавз баргашт,
Чунон пиндошт, к-он ҳавзи гузида
Накарда-ст одамӣ, ҳаст офарида.
Бале, бошад зи кори одамӣ дур
Биҳишту ҷӯи ширу ҳавзаву ҳур.
Басе бар дасти Фарҳод офарин кард,
Ки раҳмат бар чунон кас, к-инчунин кард!
Чу заҳмат дур шуд, наздик хондаш,
Зи наздикони худ бартар нишондаш,
Ки устодӣ-тро ҳақ чун гузорем,
Ки мо худ музди шогирдон надорем?
Зи гавҳар шабчароғе чанд будаш,
Ки иқди гӯш гавҳарбанд будаш,
Зи нағзӣ ҳар дуре монанди тоҷе
В-аз ӯ ҳар дона шаҳреро хироҷе,
Кушод аз гӯш бо сад узри чун нӯш,
Шафоат кард, к-ин бистону бифрӯш.
Чу вақт ояд, к-аз ин беҳ даст ёбем,
Зи ҳаққи хидматат сар барнатобем.
Бар он ганҷина Фарҳод офарин хонд,
Зи дасташ бистаду дар пояш афшонд
В-аз он ҷо роҳи саҳро тез бардошт,
Чу дарё ашки саҳрорез бардошт,
Зи бими он ки кор аз нур мешуд,
Ба сад мардӣ зи мардум дур мешуд.
ЗОРӢ КАРДАНИ ФАРҲОД АЗ ИШҚИ ШИРИН
Чу дил дар меҳри Ширин баст Фарҳод,
Баровард аз вуҷудаш ишқ фарёд.
Ба сахтӣ мегузашташ рӯзгоре,
Намеомад зи дасташ ҳеҷ коре.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё