Ҳафтахтар Ҷилди 3

Муроди ман чунон аст, эй ҳунарманд,
Ки бикшоӣ дили ғамгинам аз банд.
Ба чобукдастиву устодкорӣ
Кунӣ дар кори ин қаср устуворӣ.
Гала дур асту мо муҳтоҷи ширем,
Тилисме кун, ки шир осон бигирем.
Зи мо то гӯсфандон як-ду фарсанг
Бибояд канд ҷӯе маҳкам аз санг,
Ки чӯпононам он ҷо шир дӯшанд,
Парасторонам ин ҷо шир нӯшанд.
Зи ширин гуфтану гуфтори Ширин
Шуда ҳуш аз сари Фарҳоди мискин,
Суханҳоро шунидан метавонист,
Валекин фаҳм кардан менадонист,
Забонаш кард посухро фаромушт,
Ниҳод аз оҷизӣ бар дида ангушт.
Ҳикоят бозҷуст аз зердастон,
Ки мастам, кӯрдил бошанд мастон!
Надонам, к-ӯ чи мегӯяд, бигӯед,
Зи ман коме, ки меҷӯяд, биҷӯед!
Рақибон он ҳикоят баргирифтанд,
Суханҳое, ки рафт, аз сар гирифтанд,
Чу огаҳ гашт аз он андеша Фарҳод,
Фиканд он ҳукмро бар дида бунёд,
Дар он хидмат бағоят чобукӣ дошт,
Ки кори нозанинон нозукӣ дошт.
Аз он ҷо рафт берун теша дар даст,
Гирифт аз меҳрубонӣ пеша дар даст,
Чунон аз ҳам дарид андоми он бум,
Ки мешуд зери захмаш санг чун мум.
Ба теша рӯи хоро мехарошид,
Чу бед аз санг маҷро метарошид.
Ба ҳар теша, ки бар санг озмудӣ,
Ду ҳамсангаш ҷавоҳир музд будӣ.
Ба як моҳ аз миёни санги хоро
Чу дарё кард ҷӯе ошкоро.
Зи ҷои гӯсфандон то дари кох
Дурӯя сангҳо зад шох дар шох.
Чу кор омад ба охир, ҳавзае баст,
Ки ҳавзи Кавсараш бӯсид мар-даст.
Чунон тартиб кард аз санг ҷӯе,
Ки дар дарзаш намегунҷид мӯе.
Дар он ҳавза, ки кард ӯ сангбасташ,
Равон шуд об, гуфтӣ, з-обдасташ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё