Ҳафтахтар Ҷилди 3

Чу як пил аз ситабриву баландӣ,
Ба миқдори ду пилаш зӯрмандӣ.
Рақибони ҳарам бинвохтандаш,
Ба воҷиб ҷойгоҳе сохтандаш.
Буруни парда Фарҳод истода,
Миён дарбаставу бозӯ кушода,
Дар андеша, ки луъбатбози гардун
Чи бозӣ орадаш з-он парда берун.
Ҷаҳон ногаҳ шабехунсозие кард,
Паси он парда луъбатбозие кард.
Ба ширинхандаҳои шаккаринсоз
Даромад шаккари Ширин ба овоз.
Ду қуфли шаккар аз ёқут бардошт
В-аз ӯ ёқуту шаккар қут бардошт.
Рутабҳое, ки нахлаш бор медод,
Рутабро гӯшмоли хор медод.
Ба нӯшободи он хурмои дар шир
Шакар хонд ангубинро чошнигир,
Зи бас, к-аз домани лаб шаккар афшонд,
Шакар доман ба Хузистон барафшонд,
Шунидам номи ӯ Ширин аз он буд,
Ки дар гуфтан аҷаб ширинзабон буд,
Зи ширинӣ чи гӯям, ҳар чи хоҳӣ,
Бар овозаш бихуфтӣ мурғу моҳӣ,
Табарзадро чу лаб пурнӯш кардӣ,
Зи шаккар ҳалқаҳо дар гӯш кардӣ.
Дар он маҷлис, ки ӯ лаб баркушодӣ,
Набудӣ тан, ки ҳолӣ ҷон надодӣ,
Касеро, к-он сухан дар гӯш рафтӣ,
Гар Афлотун будӣ, аз ҳуш рафтӣ!
Чу бигрифт он сухан Фарҳод дар гӯш,
Зи гармӣ хун гирифташ дар ҷигар ҷӯш,
Баровард аз ҷигар оҳе шағабнок,
1
Чу масруъе зи по афтод бар хок,
Ба рӯи хок меғалтид бисёр
В-аз он саркӯфтан печид чун мор.
Чу Ширин дид, к-он оромрафта
Диле дорад чу мурғ аз дом рафта,
Ҳам аз роҳи сухан шуд чорасозаш,
Бад-он дона ба дом овард бозаш.
Пас он гаҳ гуфт, к-эй донанда устод,
Чунон хоҳам, ки гардонӣ маро шод,
Бемори саръ, ки одамро аз пой меафтонад (эпилепсия).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё