Зеҳн
Ҳафтахтар Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 349 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар он ҳалқа, ки буд он моҳи дилсӯз,
Чу мори ҳалқа мепечид то рӯз.
Нишаста пеши ӯ Шопур танҳо,
Фурӯ карда зи ҳар навъе суханҳо.
Аз ин андеша, к-он сарви сиҳӣ дошт,
Дили фарзона Шопур огаҳӣ дошт.
Чу гулрух пеши ӯ ин қисса баргуфт,
Ниюшанда чу барги лола бишкуфт.
Намозаш бурд чун ҳинду париро,
Ситудаш, чун Уторид Муштариро,
Ки ҳаст ин ҷо муҳандис марде устод,
Ҷавоне, номи ӯ фарзона Фарҳод,
Ба вақти ҳандаса ибратнамое,
1
Миҷастидону уқлидускушое.
Ба теша чун сари санъат бихорад,
Заминро мурғ бар моҳӣ нигорад,
Ба санъат сурхгулро ранг бандад,
Ба оҳан нақши Чин бар санг бандад.
Ба пеша даст бӯсандаш ҳама Рум,
Ба теша санги хороро кунад мум.
Ба устоде чунин корат барояд,
Бад-ин чашма гул аз хорат барояд.
Бувад ҳар кор бе устод душвор,
Нахуст устод бояд, он гаҳе кор.
Шавад мард аз ҳисоб ангуштаригар,
Валек аз муму гил, н-аз оҳану зар.
Гарам фармон диҳӣ, фармон пазирам,
Ба даст оварданаш бар даст гирам,
Ки мо ҳар ду ба Чин ҳамзод будем,
Ду шогирд аз яке устод будем.
Чу ҳар моя, ки буд аз пеша, бардошт,
Қалам бар ман фиканд, ӯ теша бардошт.
Чу Шопур ин ҳикоятро ба сар бурд,
Ғами шир аз дили Ширин бадар бурд.
Чу рӯз оинаи хуршед дарбаст,
Шаби садчашм ҳар сад чашм барбаст.
Таҷассум кард Шопур он заминро,
Ба даст овард Фарҳоди гузинро.
Ба шодурвони Ширин бурд шодаш,
Ба расми хоҷагон курсӣ ниҳодаш.
Даромад Кӯҳкан монанди кӯҳе,
К-аз ӯ омад халоиқро шукӯҳе.

«Миҷастӣ» - китобе дар илми риёзӣ; «Уқлидус» - китобе дар илми ҳандаса.

пешина
аз 349
навбатӣ