Ҳафтахтар Ҷилди 3

Ҳама корам, ки бе ту нотамом аст,
Чунин хом аз таманноҳои хом аст.
Набинӣ, ҳар ки мирад, то намирад,
Умед аз зиндагонӣ барнагирад.
Хирад моро ба дониш раҳнамун аст,
Ҳисоби ишқ аз ин дафтар бурун аст.
Бар ин аблақ касе чобуксавор аст,
Ки дар майдони ишқ ошуфтакор аст.
Муфарреҳсохтан фарзонагонрост,
Чу шуд пардохта, девонагонрост.
Ба ишқ-андар сабурӣ хомкорист,
Бинои ошиқӣ бар беқарорист.
Сабурӣ аз тариқи ишқ дур аст,
Набошад ошиқ он кас, к-ӯ сабур аст.
Бад-ин сон гарчи Ширин аст ранҷур,
Зи Хусрав бод доим ранҷу ғам дур!
Чу бар Шопур хонд ин достонро,
Сабук бӯсид Шопур остонро,
Ки аз тадбири мо ройи ту беш аст,
Ҳама гуфтори ту бар ҷойи хеш аст
В-аз он пас гар дилаш андеша суфтӣ,
Сухан бо ӯ насанҷида нагуфтӣ.
Сухан бояд ба дониш дарҷ кардан,
Чу зар санҷидан, он гаҳ харҷ кардан.
ОҒОЗИ ИШҚИ ФАРҲОД
Парипайкар нигори парниёнпӯш,
Бути сангиндили симинбуногӯш,
Дар он водӣ, ки ҷое буд дилгир,
Нахӯрдӣ ҳеҷ хӯрде хуштар аз шир.
Гараш сад гуна ҳалво пеш будӣ,
Ғизо-ш аз модиёну меш будӣ.
Аз ӯ то чорпоён дуртар буд,
Зи шир овардан ӯро дарди сар буд,
Ки перомуни он водӣ ба хирвор
Ҳама харзаҳра буд чун заҳраи мор.
Зи чӯби заҳр чун чӯпон хабар дошт,
Чарогоҳи гала ҷои дигар дошт.
Дили Ширин ҳисоби шир мекард,
Чи фан созад, дар он тадбир мекард,
Ки шир овардан аз ҷое чунон дур
Парасторони ӯро дошт ранҷур.
Чу шаб зулфи сиёҳ афканд бар дӯш,
Ниҳод аз моҳи заррин ҳалқа дар гӯш,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё