Зеҳн
Мунтахаби девон

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 328 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Агар олам саросар зулм гирад,
Наёбад ҳеҷ мазлум аз фалак дод.

Ҳама зулм аз нуҷуму аз фалак дон,
Ки лаънат бар нуҷуму бар фалак бод!

Шоир ин зулму бедодиро чун як падидаи ногузири табиӣ бо санъати баланду муассири шоирӣ тасвир мекунад:

Ҷафои гунбади гардон ба пояе бирасид,
К-аз он фарозтар андар замир поя намонд…

Аз офтоби ҳаводис чунон бисӯхт ҷаҳон,
Ки кӯҳро, ба масал, дастгоҳи соя намонд!

Аз боиси ҳамин фошгӯиву ошкорбаёнӣ ҳам Анварӣ пайваста мавриди таъқибҳои аёну ниҳони ҳукмравоён ва бозиҳои гумоштагонашон буд. Аз он ҷумла чанде ҳампешаҳояш дар пайи озораш будаанд ва дар ин кор чизи барои ӯ басо болову воло – шеърҳо ҳам корбаст мекардаанд. Масалан, қитъае хеле машҳур аст бо қаринаҳои гуногун:

Ҳар балое, к-аз осмон ояд,
Гарчи бар дигаре раво бошад,

Бар замин норасида, мегӯяд:
Хонаи Анварӣ куҷо бошад?!

Ин қитъаро ба шоир амир Шуҷоӣ нисбат медиҳанд, ва, ҳарчанд дар девонаш посухи Анварӣ ҳам ба ин қитъа ҳаст, аз назари мо, аз ҳар ҷиҳат моли шоири мавриди баҳс буда метавонад, ки дар ҳасби ҳоли хеш гуфтааст. Далел ин аст, ки аз чунин шеърҳо дар девони Анварӣ боз ҳам дучор меоянд, ки ҳам бо андешаи амиқ ва ҳам бо лутфи баён ёдовари ҳаманд. Аз он ҷумла:
Агар Анварӣ хоҳад аз рӯзгор,
Ки як лаҳза бе «зо»-и «заҳмат» зияд,

Магасро падид оварад рӯзгор,
Ки то бар сари «ро»-и «раҳмат» рияд!

Рақибони шоир бо тавтеаҳои камозортари лафзӣ қаноат накарда, аз
номи ӯ шеъри пурқадҳе дар бораи шаҳри Балху мардуми он менависанд
(Футӯҳӣ бо талқини Сӯзанӣ) ва он ҳамаро зиддаш мешӯронанд. «Аҳли
шаҳр аз ин ашъор ба қадре хашмнок шуданд, ки Анвариро гирифтанд,
даст баста, дар тамоми кӯчаву бозори шаҳр гардониданд. Ҳатто қасди ҷонаш доштанд, ки дар ин миёна қозӣ Ҳамидуддин, соҳиби «Мақомоти

Ҳаким Асируддин Футӯҳии Марвазӣ. Ин байти машҳур аз ӯст:
Ман дӯст надорам, ки туро дӯст надорам,
Ту шарм надорӣ, ки зи ман шарм надорӣ.

пешина
аз 328
навбатӣ