Зеҳн
Мунтахаби девон

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 328 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Тамаъ орад ба рӯи мард зардӣ,
Ки лаънатҳои рукнӣ бар тамаъ бод!
Ва ё:
Ба офтоби ҳаводис бисӯзам, авлотар,
Ки баҳри соя бувад бар сарам сипоси Ҳумой

ва ғайраву ҳоказо.
Ҳамин гуна, камбуду норасоиҳои рӯзгорашро ҷиддӣ ҳам зиёд бозгӯ кардаст, ки намунаҳои хуби назми иҷтимоианд. Аз он ҷумла, пораи зерин, ки баъдан, дар замони инқилобҳои иҷтимоӣ, ба ҳар навъ мавриди бозгӯи адибон будааст:
Он шунидастӣ, ки рӯзе зираке бо аблаҳе
Гуфт, к-ин волии шаҳри мо гадои беҳаёст.

Гуфт: чун бошад гадо он, к-аз кулоҳаш тугмае
Сад чу моро рӯзҳо, бал солҳо баргу навост!

Гуфт: эй мискин, ғалат, инак, аз ин ҷо кардаӣ:
Он ҳама баргу наво, донӣ, ки он ҷо аз куҷост –

Дурру марвориди тавқаш ашки атфоли ман аст,
Лаълу ёқути ситомаш хуни айтоми шумост!

Бо вуҷуди он ки худ шоири дарбору мадеҳасаро буд, сабаби инро аз баҳри қут сӯи сагон гароидани шере медонад, ки дар марғзор шикоре пайдо накардааст ва дар акси ин ҳол сатрҳои муассире гуфтааст:

Кимиёе туро кунам таълим,
Ки дар иксиру дар саноат нест:

Рав, қаноат гузин, ки дар олам
Кимиёе беҳ аз қаноат нест!

Дар ашъори Анварӣ ин ҷову он ҷо андешаҳое оид ба нотарошидаҳои рӯзгораш дучор меоянд, ки хоси ҳар замону маконанд, вале дар шеъри классикӣ камтар инъикос шудаанд. Масалан, мавзӯи нобаробарии занон, хориҳои иҷборӣ ва дастхуши нокасон будани ононро мухтасару устодона ба қалам додааст:
Чанд маҳтоб бар ту паймояд
Ину он дар баҳои рӯи чу моҳ?
Эй дареғ он бари чу сими сапед,
Ки фурӯшӣ ҳаме ба сими сиёҳ!

Албатта, Анварӣ, чун фарзанди замони хеш, бар решаву сабабҳои ин нобаробариҳои иҷтимоӣ камтар меандешид ва ҳамаро урфан аз қазову қадар медонист, вале дар ин маврид низ суханаш мутафовит ва қатъиву маҳкумкунанда аст:

пешина
аз 328
навбатӣ