Зеҳн
Мунтахаби девон

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 328 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ғазалу мадҳу ҳиҷо ҳар се бад-он мегуфтам,
Ки маро шаҳвату ҳирсу ғазабе буд баҳам.

Хуллас, ҳаҷву ҳиҷо ҳиссаи муҳими эҷоди Анварист, ки гарчи гоҳе аз доираи одоб убур мекунад, дар маҷмӯъ намунаи олии латофату зарофати шоирист. То ба дараҷае, ки «…агар ҳаҷвгӯӣ ҷузъи оину шариат қарор мегирифт, шореъу пайғамбари он Анварӣ будааст» (Шиблии Нуъмонӣ).
Таваҷҷуҳ кунед, ки дар чор сатр чӣ сон дақиқу зарифона масъалаи ахлоқиеро матраҳ мекунад:

Будан андар азоб чун Ҷирҷис,
Ё шудан дар ҷаҳим чун Иблис,

Беҳтар аст аз савол кардану тамъ
В-истодан ба пеши марди хасис!

Боз ҳам дар ҳамин ҳаҷму ҳамин сатҳу ҳамин мавзӯъ:

Дӣ аз касони хоҷа бикардам яке савол,
Гуфтам: «Ба хони хоҷа нишинанд чанд кас?»

Гуфто: «Ба хони хоҷа нишинад ду кас мудом –
Аз меҳтарон фариштаву аз кеҳтарон магас!»

яъне, касе сари хони хоҷаи хасис намешинад! Ё худ, ҳарифи ғоявиашро чӣ бераҳмона саркӯб мекунад:

Ту дар қавводагӣ, эй сурхи кофар,
Тавонӣ, гар кунӣ таснифу тадрис;

Агар Ҳаввою Одам зинда гарданд,
Ба макру ҳилату дастону талбис

Бигардонӣ дили Ҳавво зи Одам,
Кунӣ дарсоаташ ошиқ ба Иблис!

Анварӣ, чунон ки аз ашъораш бармеояд, шахсе набудааст якзайлу якмаром, балки вобаста ба тобу печи дилу рӯҳи беқарораш ҳар дам вазъе дигаргун доштааст. Дар аксари навиштаҳояш (бахусус, қасидаву қитъаҳо) ба мамдӯҳон рӯ меорад, сифатҳои будаву набудаи онҳоро қатор мекунад ва, ба тақозои жанр, албатта, талабе, дархосте, илтимосе пеш мегузорад:
гоҳе барои сутураш ҷав металабаду гоҳе шароб мехоҳад ва гоҳе ҷомаву дастор. Ин ҳама муфассал аст ва зери дасти хонанда қарор дорад, аз ин рӯ, аз оварданашон худдорӣ мекунем. Ҳамзамон дар мазаммату маломати тамаъу талаб, дасти хоҳишу рӯи ниёз он қадар гуфтаҳои қатъӣ дорад, ки беҳисоб. Қаблан мисолаш гуфта омад ва боз чанде аз он қабил:

Мазаллат аз тамаъ хезад ҳамеша,
Вуҷудаш дар ҷаҳон номунтафаъ бод!

пешина
аз 328
навбатӣ