Мунтахаби девон

Лекин як чиз аён аст, ки ҳама қасидаҳои Анварӣ дар ғояти ҳунармандии шоирона суруда шудаанд ва маҳз ҳамин ҷиҳат, дар радифи ғазалҳои ширину қитъаҳои воқеӣ ва рубоиёти дастрас, забардасти адабиёташ намудааст.
Бо вуҷуди он ки Анварӣ умре мадеҳасаро буд, чун дигар маддоҳон рӯзгори хушу осудае насибаш нагашт. Аҳволи танги моддиаш, чунон ки зикр шуд, дар бисёр навиштаҳояш тасвир ёфтааст. Сабаби тангдастии ҳамешагии шоирро аз ду ҷиҳат метавон маънӣ кард. Аввалан, риндиву айёшӣ ва каримиву сахопешагӣ ва баъдан – забони тунду хислати оштинопазирӣ бо ҳама зарқу риё, ки дар ашъораш сахту бераҳмона мазаммат кардааст. Дар натиҷа як қисми муҳими эҷодиёти пурбори Анвариро ҳаҷви сахту бемуросо ташкил додааст ва он ҳама, рашку ҳасад ва бадбиниву бадгӯиҳоро нисбати шоир ба бор оварда, зиндагиашро мушкилу мушкилтар кардаанд. Аз қавли худи шоир:
Якчанд рӯзгор на аз роҳи макрамат
Бар мо даре зи неъмати гетӣ кушода буд,
Чун чизи андаке баҳам афтод, бозбурд,
Гуфтӣ, ки назди мо ба амонат ниҳода буд!
Барои аён шудани неши сухани шоир чанд мисол манзур мегардад. Дар
қитъае Хоҷа Салоҳ ном муосирашро мегӯяд, ки ин либос аз ту нест ва,
ҳайрати ӯро дида, меафзояд: агар аз ту бошад,
Чун гузорӣ, ки барзанад ҳар рӯз
Қалтабоне сар аз гиребонат?!
Хоҷа Шамс ном шахсеро, ки пӯстин ваъда карду надод, «шамси бенуру
хоҷаи беасл» мехонад, ба як муддаии хасиси порсоии занҳои хонадонаш
бе рӯю риё мефармояд, ки
Порсо дар хонаи ту нони туст,
З-он ки нонатро на зан бинад, на мард!
Дар бораи табибе мегӯяд, ки:
Ҳар куҷо, к-ӯ нишаст аз пайи тиб,
Дарзамон бонги марг бархезад!
Атои амиреро чун хатна як бор медонад, каримонро қавми одиён мешуморад, «ки худ аз наслашон касе бинамонд!», ҳокимонро, ки масхарабозонро аз аҳли илму адаб беш медонистанд, накӯҳиш мекунад, риёкореро «дар қаводагӣ эй сурхи кофар» меномад, хуллас, теғи забонашро бар ҳама ононе, ки «аз ҳалоли касб то нони гадоӣ ҳеҷ фарқ» намебинанд, арзонӣ медорад.
Чунон ки худ мегӯяд, се эҳсос аст, ки дар шакли се намуди шеър аз вуҷуди ӯ ҷӯшидааст:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё