Зеҳн
Мунтахаби девон

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 328 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Андар омад зи дари ҳуҷраи ман субҳдаме,
Рӯзи баҳманҷана, яъне дувуми баҳманмоҳ,

Сол бар понсаду сиву се зи таърихи араб,
Гуфт: бархез, ки аз шаҳр бурун шуд ҳамроҳ…

То ки ман ҷома бипӯшидаму берун рафтам
Ба шитобе, ки видоъам на раҳӣ карду на роҳ,

Ӯ бурун бурд ба дар мафрашу овард сутур,
Маҳмиле басту маро кард чу шоҳе бар гоҳ,

Гуфт: сокин шаву ҳаш дору ба таъҷил биронд
Ончунон, к-аз раҳу нороҳ набудам огоҳ…
Дар идома:
Чун ба Ҷайҳун бирасидем, зи ман ҳуш бирафт,
Гуфт: «Ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳ!»

Рафту барбаст изореву ба Ҷайҳун дарҷаст
В-андар он ҷаст ба як дам бигузашт ӯ ба шиноҳ,

Боз бозомаду гуфто, ки бидидӣ, саҳл аст,
Дарнишин, хезу макун вақти нишастан бегоҳ!

Киштӣ оварду нишастем дар ӯ ҳарду ба ҳам
Чун ду ёр – ӯ ҳама ёридеҳу ман ёрихоҳ…
Ва:
Охируламр, чу киштӣ ба саломат бигузашт,
Ҷастам аз киштиву омад ба лаби киштигоҳ,

Арсае дидам, чун ҷону ҷавонӣ ба хушӣ,
Шодиафзой чу ҷону чу ҷавонӣ ғамкоҳ,

Гуфтам: эй бахт, биҳишт аст саводи Тирмиз!
Гуфт: розӣ машав аз равзаи ризвон ба гиёҳ,

Бош, то шаҳр бибиниву дар ӯ бори малик,
Бош, то қалъа бибиниву дар ӯ арзи сипоҳ!

Воқеан, дар дигар қасидаву қитъаҳояш ҳам пораҳое, ки лавҳаеву лаҳзаеро тасвир ва ё ҷиҳатҳои гуногуну ҷолиби хислату хӯи шоирро таҷассум мекунанд, кам нестанд ва ин ҷузъиёти муҳими рӯзгору осор ва ҳулқу атвор имкон медиҳанд, ки пора-пора саргузашташ ҷамъоварӣ ва ҳолномаи бадеии як шоири ринду айёш, шӯридаву беқарор, шӯху зариф ва ҳамзамон басо донишманду амиқ ва латифу ҳунарманд таҳия бишавад.
Ба ҳамин тариқ, умри Анварӣ тақрибан дар дарборҳо сипарӣ шудаву аз ӯ дар мадҳи ҳокимони гуногун ашъори зиёде боқӣ мондааст. Ба тақозои муҳит ва навъи қасида ӯ васфу мадҳро ба дараҷаи аъло расонида, дар ин роҳ аз муболиғаву иғроқҳои беназир гурез надоштааст.

пешина
аз 328
навбатӣ