Мунтахаби девон

Вале роҳ ба дарбор ҳам он замон тахту ҳамвор набуд. Урфан аз шоирони нав амири шоирони султон Санҷар Муиззӣ (1049-1126) имтиҳон мегирифтааст. Вай соҳиби ончунон ҳофизаи қавӣ будааст, ки ба як шунидан шеъри ҳар шоирро азбар ва фардо дар ҳузури султон муддаиро ба сирқат муттаҳам мекардааст. Анварии аз асли ҳол огоҳ қитъаи заиферо манзури Муиззӣ ва рӯзи дигар дар ҳузури султон қасидаи ғарроеро қироат карда, аз ин дом мераҳаду шоири дарбор интихоб мешавад. Аз ин ҳикоят нуктае равшан мегардад, ки Анварӣ қабл аз руҷӯъ ба дарбор шоиру шахсияти пухтаву тавоное будааст.
Шиблии Нуъмонӣ дар «Шеър-ул-Аҷам» он ҳамаро овардааст ва, инак, он байти заиф:
Зиҳӣ шоҳу зиҳӣ шоҳу зиҳӣ шоҳ,
Зиҳӣ миру зиҳӣ миру зиҳӣ мир.
Ва ду байт аз он чӣ, ки дар ҳузури султон хонд:
Гар дилу даст баҳру кон бошад,
Дилу дасти худойгон бошад,
Шоҳ Санҷар, ки камтарин хадамаш
Дар ҷаҳон подшаҳнишон бошад…
Зиндагиву фаъолияти адабии нисбатан оромонаи шоир бо асир афтодани султон Санҷар дар ҷанги муқобилонаш ва ҳалокати ӯ дар асорат қатъ мешавад. Ҷолиби диққат аст, ки Анварӣ дар роҳи раҳоии султон ва мулки Хуросон садоқати камназир нишон дода, тавассути қасидаи тӯлонии зебое аз ҳокими Самарқанд имдод металабад:
Бар Самарқанд агар бигзарӣ, эй боди сабо,
Номаи аҳли Хуросон ба бари хоқон бар,
Номае, матлаи ӯ – ранҷи тану офати ҷон,
Номае, мақтаи ӯ – дарди дилу сӯзи ҷигар…
Хабарат ҳаст, к-аз ин зеру забар – шум ғӯзон
Нест як тан зи Хуросон, ки нашуд зеру забар.
Бар бузургони Хуросон шуда хурдон солор,
Бар каримони ҷаҳон гашта лаимон меҳтар…
Нуктаи ҷолиби дигар дар ин қасидаи пурдарди пурҳунарона он аст, ки аз шавкату қудрати тамоми Самарқанди замони қарохониён шаҳодат медиҳад.
Муҳаққиқон баъдан ба хидмати Пирӯзшоҳ – ҳокими Тирмиз рафтани шоирро зикр кардаанд ва сатрҳои равшану возеҳаш низ далели инанд. Аз ҷумла, саҳнаҳои даъват шуданаш, бо раҳнамо ба канори Ҷайҳун омадану тарсиданаш аз убури рӯд, ҳайраташ аз дидани шаҳри Тирмиз бисёр зебову муассир ва тасвирии равшан тасаввуршаванда ба қалам омадаанд ва филмномаи беҳтарин буда метавонанд:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё