Мунтахаби девон

Чун зи Луқмону Фалотун нестам кам дар ҳикам
В-ар ҳаме бовар надорӣ, ранҷа шав, ман ҳозирам.
Бо бузургон мустафидам, бо фурӯдастон муфид,
Олами таҳсилро ҳам вориду ҳам содирам…
Каме пеш тохта, гуфтан мехоҳем, ки огоҳии амиқ дар ҳамаи илмҳои замон ба шеъри шоир бетаъсир намонда, онро басо қишрдор, серпаҳлӯ, душворфаҳм ва баъзан умуман нофаҳмо кардааст. Бо ҳамин сабаб натанҳо дар асрҳои охир аз Анварӣ кам андар кам китобҳо чоп шуданд, балки тазкиранависону мураттибони баёзҳо низ ба ҳамин иллат камтар ба шеъри ӯ рӯ овардаанд. Аз ҷумла, Волаи Доғистонӣ – муаллифи тазкираи «Риёз-ушшуаро» марбут ба ин сареҳан мегӯяд: «Ашъори мушкиларо ба ҷиҳати суҳулати дарёфти мутолиакунандагон тарк карда, мисли баъзе ашъори Хоқониву Анварӣ ва ғайра, ки ҳақиқатан дар камоли балоғату фасоҳату саноеъ воқеъ шуда, валекин чун луғоти мушкила, истилоҳоти ғайримаъмула ва ибороти ғайримашҳура доштанд, тарки онро авло донист(ам)». Омодакунандаи чоп ва муаллифи сарсухани китоби «Шарҳи мушкилоти «Девони Анварӣ»-и муҳаққиқи асри 17 Абулҳасан Ҳусайнии Фароҳонӣ (Теҳрон, 1340, чопхонаи донишгоҳ) Мударриси Разавӣ дурусту дақиқ зикр мекунад, «дар эроди мазомини бикр ва овардани ташбеҳоти бадеъу истиороти латиф, диққати назару ҳусни интихоб ва шевоии сухан ӯро (Анвариро – Н.Қ.) ситудаву бар ағлаб аз шуаро тарҷеҳаш дода, шеърашро накӯтар аз шеъри дигарон донистаанд. Бо ин ҳол, чун баъзе ашъораш ба истилоҳоти илмӣ омехта ва бар таъбироти нодира, луғоти мушкила ва таркиботи ғайримаънуса муштамил аст, фаҳми он ашъор холӣ аз ишколу ноҳамворӣ нест ва барои касоне, ки бо истилоҳоти илмӣ, хоса мусталеҳоти улуми риёзӣ, нуҷуму ҳайат, ихтиёроту (тиб – Н.Қ.) ҳикмат ва соири донишҳои мутадовалаи (маъмули) он замон ошноӣ надоранд, идроки маъониву пай бурдан ба мақсуди шоир бисёр душвору мушкил аст, хусусан, баъзе ашъораш, ки дар ҳукми луғазу муаммост ва роҳ бурдан ба маъниву манзури он, бешак, муҳтоҷ ба шарҳу тавзеҳ аст».
Тариқи ба дарбори султон рӯ овардану мадҳиясарои касбӣ шудани шоир марқуми ривоятҳост. Гӯё рӯзе шахси олуфтаеро бо аҳли рикобаш мебинад ва чун шоири дарбор буданашро мефаҳмад, меандешад, ки чаро ӯ бо ин фазлу дониш дар он поя набошад ва меравад ба дарбор (Давлатшоҳи Самарқандӣ).
Ин байтҳои зебову бисёр пораҳои дилраси дигар, ки Вола дар «Риёз-уш-шуаро» овардааст, аз ӯст:
Навиштаӣ, ки ба ман ҳоли хешро бинвис,
Навиштанӣ набувад ҳоли ман, биёву бибин!
Ишқи гул гар ошкоро кард булбул, бок нест,
Ошиқе тарсад зи расвоӣ, ки ишқаш пок нест!
Дар ҳашр гар аз рӯи ту бӯе ба ман ояд,
Бархезам аз он пеш, ки ҷон сӯи тан ояд!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё