Мунтахаби девон

Номи пурраи шоир Авҳадуддин Алӣ бинни Муҳаммад бинни Исҳоқ (дар тазкираи Авфӣ – Авҳадудин Муҳаммад бинни Муҳаммад) буда, тахмин мекунанд, ки дар охири асри XI, тақрибан соли 1090, ба дунё омадааст ва ҳаёту эҷодаш асосан дар замони султон Санҷари Салҷуқӣ сурат гирифтааст. Вобастаи зодгоҳаш – ноҳияи Ховарони Хуросон дар аввал Ховарӣ ва баъдан Анварӣ тахаллус кардааст (Давлатшоҳи Самарқандӣ).
Оид ба соли вафоти Анварӣ маълумот басо мухталиф аст. Ба шаҳодати Расул Ҳодизода, соли реҳлати шоир дар тазкираҳо бо тафриқаи андакмандак не, панҷоҳу ду сол – аз 545 то 597 зикр шудааст. Ҷои даргузашташро Давлатшоҳи Самарқандӣ дар «Тазкират-уш-шуаро» Балх, Ҳамдуллоҳи Муставфӣ дар «Таърихӣ гузида» Табриз ва Ҷаъфари Ҷаъфарӣ дар «Таърихи кабир» зодгоҳаш гуфтаанд. Аз ҷумла, ба шаҳодати Саид Нафисӣ (сарсухани «Девони Анварӣ», ба кӯшиши Саид Нафисӣ. Интишороти «Сикка», 1364) дар «Таърихи кабир» омадааст, ки «Вафоти ӯ дар соли понсаду ҳаштод буд дар замини Ховарон».
Аз рӯи нақлу ривоятҳои сарчашмаҳо баъзе лавҳаву лаҳзаҳои зиндагии шоир ва умуман шахсияти аҷиби ӯро тасаввур кардан мумкин аст. Аз ҷумла, овардаанд, ки падар мероси кофиаш боқӣ гузоштааст, вале Анварии ринду лоқайди саркашу тундзабон дар муддати кӯтоҳе он ҳамаро барбод додаву муфлис шудааст. Баъдан рӯ ба омӯзиши илмҳои замонаш овардаву бинобар зеҳну заковати зотӣ хеле тавфиқ ёфтааст. Дар ин хусус дар байти зерин:
Туро агар амале дод рӯзгор, чи суд,
Маро ба ҷои амал илмҳои юнонист –
иҷмолан ишора мекунад ва дар қитъаи «Дар баёни ҳунарҳои худ» возеҳу батафсил мегӯяд:
Балки дар ҳар илм, к-аз ақрони ман донад касе,
Хоҳ ҷузвӣ бошад ону хоҳ куллӣ, қодирам.
Мантиқу мусиқиву ҳайат шиносам бе шаке,
Ростӣ, бояд бигӯям: бо насибе вофирам
В-аз илоҳӣ, он чи тасдиқаш кунад аҳли сареҳ,
Гар ту тасдиқаш кунӣ, бар шарҳу басташ моҳирам
В-аз риёзӣ мушкиле чандам ба хилват ҳал шудаст
В-андар он ҷуз воҳиб аз тавфиқ кас на ёварам
В-аз табиӣ рамзи чанд, арчанд бе ташвир нест,
Кашф донам кард, агар ҳосид набошад нозирам.
Нестам бегона аз аъмолу аҳкоми нуҷум,
Дар баёни ӯ бағоят устоду моҳирам.
Ташвир – ҳаяҷону изтироб; шармсорӣ; хиҷолат; арақи хиҷолат.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё