Мунтахаби девон

Ҳамидӣ», ба ҳимояти ӯ бархоста, ҷонашро аз хатар раҳонид» («Шеър-ул- Аҷам»). Ҷавоби Анварӣ натанҳо муште сазовор бар даҳони бадхоҳонаш, балки далели қудрати тамоми шоирӣ ва муҳаббати инсонии ӯ низ ҳаст.
Анварӣ, чун аксари шоирон, нисбат ба худ басо некбин аст, ба қавле, худро дӯст медораду ситоиш мекунад. Ва, чун дар эҷоди ҳама шоирони ҳунарманд, ин некбинӣ, ин дӯстдорӣ, ин ситоиш на муҷаррад, балки шоирона, басо латифу зариф аст, натанҳо ба иззати нафси хонандаи нозуктабътарин ҳам намерасад, балки аз маҳзи латофату зарофат лабони ӯро табассумзор мекунад. Бибинед, ки ҳатто дар байти ошиқонааш, ки бояд саропо тавсифи дилбар бошад, ин мавзӯъ чӣ гуна матраҳ мешавад:
Аз ту хубӣ, чун сухан аз Анварӣ,
Ҳар замоне лофи дигар мезанад!
Ҳамин маънӣ, яъне васфу ситоиши арзандаи шеъри хеш тавассути мавзӯе гӯё тамоман дигар дар байти зерин ҳам мушоҳида мешавад:
Арӯси бикри маъниро замона
Зи ман шоистатар н-овард домод.
Дар қитъае, ки дар ситоиши шоири ҳамзамонаш Камолӣ гуфтааст, ҳолати шоиру сифати шеърро басо равшан баён доштааст:
Ӯст, к-аз хотири чу оташ тез
Шеър ронад ҳаме чу оби зулол.
Аз захомату матонат ва мушкилбаёниҳои Анварӣ зиёд гуфтаанд ва, ба фикри мо, байти зерин аз забони як мухлисаш иқрори худи шоир аст ин маъниро:
Азм дорам, к-он ба рӯзе чанд бинвисам, ки нест Шеъри ӯ мурғе, ки осон андарун афтад ба дом.
Ҷои дигар «на шеър аст, сеҳр аст» мегӯяд шеърашро ва ҳар касе, ки ба девони ӯ сар фурӯ бибарад, бо бовари комил ба ин маънӣ аз он сар берун меорад.
Дар ғазале боз ба сеҳри шеъри хеш ишорат дорад:
Шеъри ман сеҳр шуду шуд ба камол аз пайи он,
Ки ҳаме васли ҷамоли бакамоли ту кунам
Ва дар байте дигар мавқеи худро байни ҳамтоён муайян мекунад:
Ин ҳама бигзор, бо шеъри муҷаррад омадам,
Чун Саноӣ ҳастам, охир, гар на ҳамчун Собирам
ва бо ифтихор аз шуҳрати сазовори шеъраш мегӯяд: «Шеърам ба ҳама ҷаҳон расидаст».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё