Мунтахаби девон

Шеъри Анварӣ, бахусус қасидаҳояш, маҳсули хаёли шоири донишманданд, бар андешаҳои амиқи илмӣ такя мекунанд, аз ин рӯ, дарки комилашон донишу огоҳии фарохе металабад. Худ низ инро ҳис кардааст, ки зикр мекунад: «Шохи дониш мисли ман тӯтӣ надорад» ва аз шеъри «ба мизоҷ дигар»-и худ мегӯяд. Вале муҳим он аст, ки Шиблии Нуъмонӣ дақиқ мушоҳида намудааст: «Аз хусусиёти қасоиди Анварӣ эҷоди маонии нағзу марғуб, тавсиаи муболиғот ва, билохира, ба кор бурдани истиороту ташбеҳи ҷадид аст.»
Чунон ки зикр кардем, шеър василаи зиндагии шоир шуда натавонист ва
Он шуд, ки ҳаме ба шеър эҳсон кардӣ,
Имрӯз ҳаме ба шеър таҳсин накунанд!
Шоири бузург, аз шеъру шоирӣ дилмонда шуда, батакрор изҳори пушаймонӣ мекунад, ки ин роҳро пеш гирифтаву умри гаронмоя сарфи он намудааст:
Анварӣ, шеъру ҳирс, донӣ, чист –
Ин яке тифлу он дигар доя,
Беш бар ёди жожи шеър мадеҳ
Эй гаронсоя, он гаронмоя!
Аз Унсурӣ ёд мекунад, ки аз шарофати шеър афзори рӯзгораш аз тилло будааст ва инро на афзалияти завқу ҳунари ӯ, балки натиҷаи ҳиммату саховати мамдӯҳи шеърписандаш медонад:
Унсурӣ гар ба шеър ме сила ёфт,
На зи абнои аср бартариест,
Нест андар замона Маҳмуде,
Варна ҳар гӯша сад чу Унсуриест!
Дигар дар замона мамдӯҳоне, ки соҳибзавқ бошанду ба қадри шеър бирасанд, намонда буданд, шеъру шоирӣ хориву залилиро ифода мекард ва барои ҳосили заҳмати худро дидан шоирро чизҳое имконнопазир лозим меомад:
Андар ин аср ҳар ки шеър барад
Ба умеди силат бари мамдӯҳ,
Чор олат бибоядаш, варна
Гардад аз дарду ғам дилаш маҷрӯҳ:
Дониши Хизру неъмати Қорун,
Сабри Айюбу зиндагонии Нӯҳ!
Анварӣ ба асли худ бармегардад, аз донишҳои фаровони хеш ёд мекунад, илму донишро мояи ифтихору зиндагӣ медонад ва ҳатто ба муқоисаи нозаруру нодурусту дардноки илму адабиёт мерасаду носазовор ҳукм мебарорад:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё