Мунтахаби девон

Анварӣ, баҳри қабули ома чанд аз нангу шеър,
Роҳи ҳикмат рав, қабули ома, гӯ, ҳаргиз мабош!
Дар камоли Бӯалӣ нуқсони Фирдавсӣ нигар,
Ҳар куҷо омад «Шифо», «Шаҳнома», гӯ, ҳаргиз мабош!
Бо вуҷуди ин ҳама, агарчи «ҳакими беназир будаву фақеҳи беадили дилпазир ва мунаҷҷими мутаварреъи содиқулқавл» («Маҷолис-уннафоис»), Анварӣ маҳз бо шеъри баландаш зинда монд ва ҳарчанд «Аз шуарои рӯзгор кам касе дар донишмандӣ ва анвои фазоил ҳамтои ӯ буд»
(Давлатшоҳи Саарқандӣ), ҳарчанд ин шеър аз андешаҳои аниқу амиқи илмӣ мамлуст, маҳз тахайюлоти зебову воло ва густурдаву беҳудуди шоирист, ки онро поянда ва дархурди завқу ниёзҳои имрӯзу оянда нигоҳ медорад.
Ба мушкилзабониву мушкилбаёнии Анварӣ, ки заминааш донишҳои амиқи гуногун доштан ва вуқуфи тамом ба забони илми замон – арабист, ишораҳо шуд. Вале ин ҳаргиз ба маънои дастнорасии маънавии осори ӯ нест. Зимнан мисолҳои зиёде манзур шуданд, ки аксаран бе шарҳу тавзеҳ фаҳмоянд. Аз қитъаҳо ҷо-ҷо намунаҳо пешниҳод гардид, инак, чанд мисол аз ғазалу рубоиҳои шоир, ки намунаҳои барҷастаи маъниофаринӣ, корбасти санъати сухан ва равшанбаёниву зебогуфторист:
Бо чунин эътибор бар хубӣ
Накунад ноз, пас чи кор кунад?!
Ишқи ту бе рӯи ту дарди дилест,
Мушкили ишқи ту мушкил мушкилест.
Ҳин, ки тӯфони ғам ҷаҳон бигрифт,
Майи ҳамзоди умри Нӯҳ биёр!
Манмой ҳама ҷафо гаҳи меҳр,
Чизе бигузор рӯзи кинро!
Беғамӣ хуш вилоят аст, вале
Зери фармони кас намеояд.
Бар ту аҳволи Анварӣ пайдост,
Ба такаллуф чаро ниҳон дорам?!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё