Мунтахаби девон

Бе ёди рӯи хуби ту гар як нафас занам,
Маҳсуб нест он нафас аз зиндагониям.
Таваҷҷуҳ кунед ба намунаи рубоиҳо:
Айше, ки намудам аз ҷавонӣ, ҳама рафт,
Аҳде, ки харидам аз ҷаҳон дамдама, рафт.
Ҳон, эй бузи ланги офариниш, биштоб
В-ин сабзаи орият раҳо кун, рама рафт!
Мискин дили ман, чу маҳрами роз наёфт
В-андар қафаси ҷаҳон ҳамовоз наёфт,
Андар сари зулфи хубрӯён гум шуд,
Торикшабе буд, касаш бознаёфт.
Ё ин қитъа, ки «Шоҳнома»-ро мухтасару зебо сайру хотиррасон мекунад:
Хоҷа Исфандиёр, медонӣ,
Ки баранҷам зи чархи рӯинтан,
Ман на Суҳробаму вале бо ман
Рустамӣ мекунад маҳи Баҳман.
Хиради Золро бипурсидам:
Ҳолатамро чи ҳилат асту чи фан?
Гуфт: Афросиёби вақт шавӣ,
Гар ба даст оварӣ аз он ду-се ман –
Бодае чун дами Сиёвушон
Сурх, на тира чун чаҳи Бежан!
Гар фиристӣ, туӣ Фаридунам,
Варна рӯзе, наузубиллаҳ, ман
Ҳамчу Заҳҳок ногаҳон печам
Морҳои ҳиҷо-т бар гардан!
Сабаби асосии то ҳол нисбатан комил дастраси хонандаи тоҷик нашудани осори ҳаким Анварӣ ҳамоно мушкилхониву мушкилфаҳмии девон,
бахусус қасидаҳои ӯст. Дар силсилаи «Ахтарони адаб» низ як ҷилди пурра аз ғазалҳои ҳаким манзур шудааст ва сабаб ҳамонест, ки зикр шуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё