Зеҳн
Мунтахаби девон

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 328 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ба ҳар ҳол, то кунун намунаҳои ғазалиёт, қитъаҳо ва рубоиҳои шоир табъу нашр шудаанд ва баҳри андаке ошно намудани мардум бо ному осори мазкур нақши муҳим бозидаанд.
Мо низ, дар баробари чопҳои Эрон, аз онҳо истифода кардем ва, ба қадри имкон, иштибоҳҳоеро, ки ҳангоми баргардон рух додаанд, ислоҳ намудем. Дар ин силсила хатоҳое рафтаанд, ки сабабаш бедиққатии котибон аст, вагарна заминаи қавии иштибоҳ надоранд. Масалан,

Дорам зи обу оташи ёқуту ҷазъи ту
Дар оби дида ғарқу бар оташ ҷигар кабоб.

Саволи мантиқие пеш меояд, ки ҷигар бар оташ кабоб доштааст, дар оби дида чиро ғарқ? Яъне, ҳамтои «ҷигар»-ро дар ҷузъи аввали сатри дуюм бояд барқарор кард, ки «об» аст. Яъне, дар об дидаро ғарқ дораму бар оташ ҷигарро кабоб.

Рӯи туро моҳ нагӯем аз он-к
Моҳ чу он орази дилҷӯй нест.

Зулфи туро мушк нахонам аз он-к
Мушк бад-он рангу бад-он бӯй нест.

Чаро аз номи як кас ду шакли феъл? Барои якеро интихобидан сатре болотар ёрӣ мерасонад: «Гарчи ғамат кард чу мӯе маро», яъне дар сатри аввал «нагӯям» аст.

Ғамзаҳот аз бех в-аз борам биканд,
Ишваҳот аз хону аз монам бибурд.

Оё беҳтар нест, ки ба хотири равонии сухан «аз беху аз борам» бихонему бо ҳамтои мисраи дуюм мувофиқаш кунем?

Зи дил нолам, зи рӯи ту чи нолам,
Ба рӯям ҳар чи ояд, з-ин дил омад.

Бешубҳа «ояд» ғалати техникист ва бояд мутаносиби ҳамтои охири мисрааш бошад. Беш аз ин, қаринаи ин байт, ки аз тазкираи Волаи Доғистонӣ «Риёз-уш-шуаро» иқтибос мешавад, бамаротиб беҳтару мақбултар аст.
Ҳусни ту ишқи ман афзун мекунад,
Ишқи ӯ ҳолам дигаргун мекунад.

Чи ҷои тардид, ки ҳарду ҷонишини шахс бояд яксон бошанд.
Бо риояи вазн метавон асли мисраъҳои зеринро ҳам барқарор кард:

пешина
аз 328
навбатӣ