Зеҳн
Мунтахаби девон

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 328 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Агарчи чордаҳ бошанд, вагар чаҳор ҳазор.

Дурусташ:

Агарчи чорда бошанду гар чаҳор ҳазор.

Дар сатрҳои «Ҳар куҷо омад «Шифо», «Шоҳнома», гӯ ҳаргиз мабош!»
ва «сапед гашт ба як раҳ сапедкори барф» калимаҳои зикршуда «Шаҳнома» ва «сапедкори» мебошанд.
Қисми дигари ғалатҳо мураккабтар аст ва сабабаш гуногунхонии калима, ибора ё ҷузъҳои онҳост ва таваҷҷӯҳи бештар мебояд, ки шакли аслу дархури маънову дурусти он берун оварда шавад:

Чун дар рикоби аҳду вафо меравад дилам,
Беҳуда аст, ҷавру ҷафо чанд з-ин кунад?

Мисраи дуюм маънӣ надорад. Ва агар ба асли хат баргардему дар «рикоб»-и сатри аввал биравем, бешубҳа, ба «аҳду вафо», яъне шакли бағалати сатри дуюм мерасем:

Беҳуда аспи ҷавру ҷафо чанд зин кунад?

Мисоли дигар:

Туро бар ман ба дил бошад, ки ёрам,
Маро аз ту гузар набвад, ки ҷонӣ.

Ба ҳамон усул ва риояи таносубу мантиқ асли ҷузъи ишорашударо меёбем, ки «бадал» аст.
Мисоли дигар:

Хостан гидя-ст, хоҳӣ ушр хон, хоҳӣ хироҷ,
З-он ки гирда ном бошад, ин ҳақиқатро равост.

Ба андешаҳое мебарад ин байт, вале сатрҳояш ба ҳам намечаспанд ва дар маҷмӯъ бемаъно мемонад. Дар нусхае шакли дуюми мисраи якум – «Хостан гидя-ст, хоҳӣ боҷ дон, хоҳӣ хироҷ» дучор омад, ки беҳтар аст, ақаллан бо он мулоҳиза, ки «боҷу хироҷ» маъруф аст, на «ушру хироҷ».
Асли сатри дуюмро бошад, танҳо бо назардошти мантиқу таносубу маънӣ метавон барқарор кард ва он «З-он ки гар даҳ ном бошад ин ҳақиқатро, равост» мебошад.
«Фаззах ту, ки ҳеҷ ғам надорӣ» – омадааст дар сатре ва, чӣ ҷои шубҳа, ки қаробати зоҳирии калимаи аввали мисраъ ва вожаи матлуби «фаррух»
(ба истиснои нуқтаҳо) боиси ин носаҳеҳии аён шудааст.

Гидя – гадоӣ, талбандагӣ.

пешина
аз 328
навбатӣ