Зеҳн
Мунтахаби девон

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 328 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Шаккар зи лабаш чу хостам, гуфт:
«Бигзар зи сари ҳадиси заркаш!»

Дарку фаҳм дар ибораи охирини байт дармемонад ва бо ҳазор паҳлӯи андеша маъние берун карда наметавонад. Агар ба таманнои ошиқ ва посухи нозолуди маъшуқа таваҷҷуҳ кунему маъниро парчам, асли мисраъ бармеояд: «Бигзар зи сари ҳадис, зар каш!»
Бамаврид аст, ки аз як ғалати дигар ёдовар бишавем. Сухан аз талаффузи хоси як водии шоирхезу суханпарвари Тоҷикистон аст, ки боисрор дар баргардони матнҳои классикӣ талқин мешавад:

Олами маънеш хондам, оламам хомӯш кард.


Ҷоми соқет пуршароб чу занг.


В-он се дигар чу саги хаста тасаллеш бад-он…

Мусаллам аст, ки шакли дурусту талаффузи ин калимаҳо бар реша асос дорад ва бояд «маънӣ-ш», «соқӣ-ш», «тасаллӣ-ш» бошад.
Бо ҳамин дар ин боб иктифо мекунем ва меафзоем, ки, бо вуҷуди кор бо чанд нусха ва даҳҳо фарҳангу луғоту маълумотномаҳо (қариб ҳазор шарҳу тавзеҳ), мунтахаби мураттабкардаи мо низ шояд беғалат набошад, чунки, батакрор мегӯем, бисёр кори сангин аст таҳияи осори шоири воқеан ҳаким. Бо вуҷуди ин, ба тақозои зарурат ин корро кардем ва дар анҷоми сухан аз ҳамаи онҳое, ки мақолаву рисола ва китобҳояшон, аз шоирони донишмандамон Нарзуллоҳи Назар ва Рустам Ваҳҳобзода, ки маслиҳатҳояшон фаровон мавриди истифодаамон буд, ташаккур мекунем.
Умедворем, ки ин заҳмат бебор набошад ва дар кори қаробати шоири бузург бо хонандагон саҳме бигузорад.

пешина
аз 328
навбатӣ