Мунтахаби девон

ҚАСИДА
ДАР СИТОИШИ ХОҚОН КАМОЛУДДИН МАҲМУД
Эй аз рухат фиканда сипар Моҳу Офтоб,
Таъна зада ҷамоли ту бар Моҳу Офтоб.
З-он ҷо, ки ростист, надоранд дар ҷаҳон
Пеши рухи ту ҳеҷ хатар Моҳу Офтоб.
Банданд, гар диҳӣ ту иҷозат, чу бандагон
Дар хидмати рухи ту камар Моҳу Офтоб.
Аз зулфи ту рабуда нишон мушку ғолия
В-аз рӯи ту гирифта асар Моҳу Офтоб.
Аз Моҳу Офтоб беҳӣ ту, ки нестанд
Бо ду ақиқи ҳамчу шакар Моҳу Офтоб.
Дар саффи некувон ба мақоми муфохират
Хоҳанд аз рухи ту назар Моҳу Офтоб.
Бошанд бо ҷамоли ту ҳозир ба вақти лаҳв
Дар базми шаҳриёри башар Моҳу Офтоб.
Хоқон Камоли давлату дин – он, ки бар фалак
Аз кини ӯ кунанд ҳазар Моҳу Офтоб,
Маҳмуди сафдаре, ки зи лутфу зи унфи ӯ
Гарданд ёри нафъу зарар Моҳу Офтоб.
Бар хасми ӯ кашида синон чарху рӯзгор,
Дар пеши ӯ гирифта сипар Моҳу Офтоб.
Бифзуд иззу давлати ӯ молу ҷоҳи шаръ,
Чун он ки лавну таъму самар Моҳу Офтоб.
Аз шахси ӯ набуда ҷудо ҷоҳу мафхарат
В-аз ҳукми ӯ накарда гузар Моҳу Офтоб.
Бинмуда дар валиву адӯ халқаш он асар,
К-андар қасаб намуду гуҳар Моҳу Офтоб.
Лаҳв – бозӣ, шодӣ, айш.
Унф – муқобили лутф: дуруштӣ, дағалӣ.
Лавну таъму самар – рангу маззаву овоза.
Қасаб – дар ин ҷо ба маънои марворид; анбӯҳи ҷавоҳир.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё