Мунтахаби девон

То бувад дар ишқи он дилбар гирифторӣ маро,
Кай бувад мумкин, ки бошад хештандорӣ маро.
Суд кай дорад ба таррорӣ намудан зоҳидӣ,
Чун зи ман бирбуд он дилбар ба таррорӣ маро.
Соқии ишқи бутон дар ҷоми уммеди висол
Май гарон додаст, к-орад он сабуксорӣ маро.
З-он батар, к-аз ишқ ҳастам маст, бо хасмони ӯ
Мебибояд бурдан аз мастӣ ба ҳушёрӣ маро.
Зорам андар кори ӯ в-аз кори ӯ ҳар соате
Кард бояд пеши халқ инкору безорӣ маро.
Ин шигифтӣ бину ин мушкил, ки андар ошиқӣ
Бурд бояд иллати лангию раҳворӣ маро.
Аз дур бидидам он париро,
Он рашки бутони озариро.
Дар Мағриби зулф арз дода
Сад қофила Моҳу Муштариро.
Дар гӯшаи орази ту кофур
Барҳам зада зулфи анбариро.
Ҷазъаш ба карашма дарнавашта
Сад тахтаи тоза кофариро.
Лаълаш ба ситеза дарнамуда
Сад муъҷизаи паямбариро.
Тири мижа бар камони абрӯ
Баркарда итобу довариро.
Бар домани ҳаҷру васл баста
Бадбахтиву некахтариро.
Тарсон-тарсон ба танз гуфтам
Он мояи ҳусну дилбариро,
К-«Аз баҳри Худойро, кироӣ?»
Гуфто:«БаХудо, ки Анвариро!»
Кофур – модаи сафеди хушбӯ; сафед.
Ҷазъ – санги ороишӣ, оникс.
Танз – шӯхӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё