Зеҳн
Мунтахаби девон

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 328 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Эй карда хиҷил бутони Чинро,
Бозор шикаста ҳуриинро.

Биншонда пиёда моҳи гардун,
Бархоста фитнаи заминро.

Магзор маро ба ноз, агарчанд
Хуб ояд ноз нозанинро

Манмой ҳама ҷафо гаҳи меҳр,
Чизе бигузор рӯзи кинро!

Дилдорон беш аз ин надоранд
Бо дард қарин чу ман қаринро.

Ҳам ёд кунанд гаҳ-гаҳ охир
Хидматгорони аввалинро.

Эй гум шуда маҳ зи акси рӯят
Дар кӯи ту луъбатони Чинро.

Ин аз ту маро бадеъ нанмуд,
Ман рӯз ҳамешумурдам инро.

Серӣ накунад маро зи ҷаврат,
Чун он ки зи ҷуд Маҷдидинро.


Эй карда дар ҷаҳон ғами ишқат самар маро В-эй карда дасти ишқи ту зерузабар маро.

Аз пой то ба сар ҳама ишқат шудам, чунон-к
Дар зери пои ишқи ту гум гашт сар маро.

Гар бе ту хобухӯрд набошад маро, равост,
Худ бе ту дар чи хурд бувад хобу хур маро?

Умре камони сабр ҳамедоштам ба зеҳ,
Охир ба тири ғамза фикандӣ сипар маро…

Дар хуни ман машав, ки наорӣ ба даст боз,
Гар ҷӯӣ аз замона ба хуни ҷигар маро.

Ҳуриин – ҳурон.
Маҷдидин – яке аз мамдӯҳони шоир.
Самар – афсона, ҳикоят.

пешина
аз 328
навбатӣ