Мунтахаби девон

ҒАЗАЛ
Биё, эй ҷон, биё, эй дил, биё, фарёдрас моро,
Чу моро як нафас бошад, набошӣ як нафас моро!
Зи ишқат гарчи бо дардему дар ҳиҷронат андар ғам,
Зи ишқи ту на бас бошад, зи ҳиҷрони ту бас моро!
Кам аз як дам задан моро агар дар дида хоб ояд,
Ғами ишқат биҷунбонад ба гӯш-андар ҷарас моро.
Лабат чун чашмаи нӯш асту мо андар ҳавас монда,
Ки бар васли лабат як рӯз бошад дастрас моро.
Ба оби чашмаи ҳайвон ҳаёте Анвариро деҳ,
Ки андар оташи ишқат бикуштӣ з-ин ҳавас моро.
Ҷурме надорам беш аз ин, к-аз ҷон вафодорам туро
В-ар қасди озорам кунӣ, ҳаргиз наёзорам туро.
З-ин ҷавр бар ҷонам кунун даст аз ҷафо шустӣ ба хун,
Ҷоно, чи хоҳад шуд фузун, охир, зи озорам туро?
Рух гар ба хун шӯям ҳаме, об аз ҷигар ҷӯям ҳаме
В-ар ҳоли худ гӯям ҳаме, ёде бувад, к-орам туро.
Оби рухони ман мабар, дил рафту ҷонро дарнигар,
Темори кори ман бихар, к-аз ҷон харидорам туро.
Ҳон, эй санам, хорӣ макун, моро фарозорӣ макун,
Обам, буто, торӣ макун, то дарди сар н-орам туро!
Ҷоно, зи лутфи эзадӣ гар бар дилу ҷонам задӣ,
Ҳаргиз нагӯӣ, Анварӣ, рӯзе вафодорам туро.
Темор – ғам, ғусса.
Торӣ – торик; тира; хира.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё