Зеҳн
Мунтахаби девон

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 328 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҷоно, ба ҷон расид зи ишқи ту кори мо,
Дардо, ки нестат хабар аз рӯзгори мо!

Дар кори ту зи дасти замона ғамин шудам,
Эй чун замона, бад назаре кун ба кори мо!

Бар осмон расад зи фироқи ту ҳар шабе
Фарёду нолаҳои дили зор-зори мо.

Дардову ҳасрато, ки ба ҷуз бори ғам намонд
Бо мо ба ёдгор аз он рӯзгори мо.

Будем бар канор зи темори рӯзгор,
То дошт рӯзгор туро дар канори мо.

Он шуд, ки ғамгусори ғами мо ту будаӣ,
Имрӯз нест ҷуз ғами ту ғамгусори мо.

Оре, баихтиёр дили Анварӣ набуд,
Дасти қазо бибаст дари ихтиёри мо.


Эй ғорати ишқи ту ҷаҳонҳо,
Барбоди ғами ту хонумонҳо.

Шуд бар сари кӯи лофи ишқат
Сарҳо ҳама дар сари забонҳо.

Дар пеши ҷанибати ҷамолат
Аз ҷисм пиёда гашта ҷонҳо.

Дар кавкабаи рухи чу моҳат
Сад наъл фиканда осмонҳо.

Наззорагиёни рӯи хубат
Чун дарнигаранд аз каронҳо,

Дар рӯйи ту рӯйи хеш бинанд,
З-ин ҷост тафовути нишонҳо!

Ҷанибат – ҳамроҳӣ, радиф.
Кавкаба – ба маънии ҳашамат, бузургӣ.

пешина
аз 328
навбатӣ