Мунтахаби девон

Фатҳ бинӣ, ки бо забонаи ӯ
Чун самандар ҳамекунад бозӣ.
Сояи Эзид, офтоби мулук –
Он зафарпеша хусрави ғозӣ
Шоҳ Санҷар, ки кори ханҷари ӯст
Фитнасӯзиву офиятсозӣ,
Эй замони ту бе таносухи нафс
Килкро дода дар ҳунар бозӣ
В-эй зи чархи кафат муҷоҳизи кон
Карда бо офтоб анбозӣ,
То хазону баҳор тавба накард,
Ин – зи саррофӣ, он – зи баззозӣ.
Боғи мулки туро мабод хазон,
То дар ӯ чун баҳор бигрозӣ!
ДАР ҲАСБИ ҲОЛИ ХЕШ БО МАМДӮҲ ГӮЯД
Ҳар он гаҳ, ки чун ман наоям, бихонӣ,
Чунон бошад оин, ки оям, биронӣ.
Бихонӣ маро, чун нахонӣ касеро,
Ки мадҳи ту хонад, чу ӯро бихонӣ.
Киро ҳамбари хеш чун ӯ гузинӣ,
Маро ҳамбари хеш чун ман нишонӣ.
Надимӣ маро зебад, аз баҳри онро,
Ки одоби он, нек донам, ки донӣ.
Агар нома бояд навиштан, нависам
Ба килку банон дебаи хусравонӣ
Муҷоҳиз – тайёркунандаи ҷиҳоз ва асбобу анҷом.
Сарроф – пулшинос, ивазкунандаи пул.
Баззоз – матоъфурӯш.
Бигрозӣ – бихромӣ («Шарҳи мушкилоти «Девони Анварӣ»).
Банон – ангушт, сари ангушт.
Деба – дебо, порчаи абрешим, ҳарир.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё