Зеҳн
Мунтахаби девон

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 328 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аз кушоди ту дар ҳавои набард
Кард шоҳини фатҳ парвозӣ.

Нӯки пайкон-т бар фалак дӯзад
Ҳукми ояндаро ба таннозӣ.

Марг дар хуни кушта ғӯта хӯрад
Гар дар он карру фар бар ӯ тозӣ.

Ту, ки аз раъди кӯсу барқи синон
Дар дили дев роз бигдозӣ,

Дар чунон мавқифе зи ҳирси сахо
Хасмро дар савол бинвозӣ

В-ар зи ту ҷони рафта хоҳад боз,
Дар сари найза дар вай андозӣ.

Мулк мекард бо зафар як рӯз
Фитнаро дар сулук ғаммозӣ,

К-инчунин хасм дар камину ту боз
Фориғ аз ҳар саре ҳаметозӣ.

Равнақи кори ман кӣ хоҳад дод,
Гар ту рӯзе ба ман напардозӣ.

Фалак овоз доду гуфт, эй мулк
Чи ҳузурест в-ин чи муҷтозӣ?!

Он, ки дар зилли ройаташ умрест
Тоби наҳмат ҳаме сарафрозӣ

В-он, ки бар тарфи растаи адлаш
Шери дӯкон ситад ба харрозӣ

В-он, ки дар Мисри ҷомеи мулкаш
Қурси хуршед кард хаббозӣ

В-он, ки чун оташи синонашро
Бод ҳамла диҳад сарафрозӣ,

Мавқиф – ҷои таваққуф; мақом.
Муҷтоз – гузошташуда ва таҷовузкунанда (Ғиёс).
Наҳмат – қасд, ирода, мурод.
Харроз – мӯзадӯзӣ; машкдӯзӣ.
Хаббоз – нонвой, нонфурӯш.

пешина
аз 328
навбатӣ