Мунтахаби девон

ДАР МАДҲИ СУЛТОНУССАЛОТИНИ
МАЛИКУЛМУАЗЗАМ СУЛТОН САНҶАР ГӮЯД
Эй зи теғи ту дар сарафрозӣ
Мулки туркиву миллати тозӣ.
Рӯзгоре ба ҳаллу иқд, сазад,
Ба чунин рӯзгор гар нозӣ.
Ба сари теғ мулк бистонӣ,
Ба сари тозиёна дарбозӣ.
Баҳр сӯзӣ, чу дар сахат ронӣ,
Кон фишонӣ, чу бо карам созӣ.
Ба ду белак се мулк бистонӣ,
Пас ба як байт ҳарсе дарбозӣ.
Белакат то фалак тавонад бурд
Ҳукми ояндаро ба таннозӣ.
Ба мубоҳот осмон ба садо
Карда бо кӯси ту ҳамовозӣ.
Осмонат – шикоргоҳи мурод,
Ахтарон – бозҳои парвозӣ.
Рӯзи ҳайҷо, ки туркиён гарданд
Зери рони муборизон тозӣ.
Фатҳро бо сапедмуҳраи разм
Буда бо маркаби ту дамсозӣ.
Теғ бинӣ зи марду мард аз теғ,
Ҳарду нозон зи рӯи дамсозӣ.
Зулфи парчам нигорад андар чашм,
Шакли ҷаррорҳои аҳвозӣ.
Бошад аз рӯи нисбату савлат,
Сӯи душман чу ҳамла оғозӣ.
Теғи ту – теғи Ҳайдари арабӣ,
Табли ту – табли Ҳайдари розӣ.
Сахат – қаҳр, ғазаб, ситеза.
Ҳайдари арабӣ – лақаби амиралмуъминин Алӣ.
Ҳайдари розӣ – як сокини Роз (Рай), ки бо кӯфтани табл шерро метарсонидааст ва ҳамзамон худ низ метарсидааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё