Мунтахаби девон

Ҳеҷ оқил ин кунад, ҷуз он, ки як сӯ афканад
Асли некӯэътиқодӣ, расми некӯмаҳзарӣ?!
Душманонро моя додан назди ман, донӣ, ки чист –
Ҷамъ кардан муши даштӣ бо паланги барбарӣ!
Мустақимаҳвол шав, то хасм саргардон шавад,
Баски паргорӣ кунад ӯ, чун ту гардӣ мистарӣ.
Ин дақоиқ ман чунон варзам, ки аз бефурсатӣ
Сакта гирад ину он бар Бӯфаросу Буҳтурӣ.
Аз уқобу пӯстинаш гар нагӯяд, беҳ бувад,
Гарчи дар дарё тавонад кард харбут гозурӣ.
Чанд ранҷӣ, к-аз қабулам тоза шохе меҷаҳад,
Ҳар куҷо пиндорӣ, эй мискин, ки бехе мебурӣ!
Рав, ки аз Яъҷуҷи буҳтон рахна ҳаргиз кай фитад,
Хоса, дар садде, ки таъйидаш кунад Искандаре?!
Як ҳикоят бишнавӣ ҳам аз забони шаҳри хеш,
То дар ин андеша боре роҳи ботил наспарӣ,
Дӣ касе дар нуқси ман гуфт: ин ғариби шаҳри мост,
Балх гуфт: ин ҳам камоли ӯст, чанд аз мункирӣ?!
Ӯ ғариб андар ҷаҳон бошад, ки аз рутбат маро
Осмон ҳар соате гӯяд: ҷаҳони дигарӣ!
Хоки пои аҳли Балхам, к-аз мақоми шаҳрашон
Ҳаст бар ақрони хешам ҳам сарӣ, ҳам сарварӣ!.
Ҳаббазо, таърихи ин иншо, ки фармондеҳи Балх
Ройати Туғрултагинӣ буду ройи Носирӣ!
Паргорӣ – хати бо паргор кашида, доиравӣ.
Мистарӣ – хаткаш; коғази ғафсе, ки ба он нақшҳо мекашиданд ва ба коғази дигар зер карда, нақшҳоро нусха мегирифтанд.
Бӯфаросу Буҳтурӣ – шоирони араб.
Яъҷуҷ – қавми афсонавии мағлубнашаванда, ки Искандари мақдунӣ барои пеши роҳашонро гирифтан садд (монеа) сохта будааст.
Ақрон – ҷамъи қарин.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё