Мунтахаби девон

Он, ки аз имои ангушташ ду гесӯ банд зад,
Аз чи – аз як оина бар сақфи чархи чанбарӣ;
Он, ки бар даъвӣ-ш чун бурҳони қотеъ хостанд,
Дар забони сусмор овард ҳуҷҷатгустарӣ;
Он, ки гар бар асби фикрат ҷовидон ҷавлон кунӣ,
Аз нахустин остони ҳазраташ дарнагзарӣ;
Он, ки ҳам дар ақл мамнӯъ асту ҳам дар шаръ ширк,
Ҷуз ба зоташ гар ба азму қасд савганде хӯрӣ!
Андар ин савганд агар таъвил кардам, кофарам,
Кофарӣ бошад, ки дар чун ман касе ин зан барӣ!
Худ биё, то каж нишинам, рост гӯям як сухан,
То варақ чун ростбинон з-ин кажиҳо бистурӣ,
То маро дар Балх ҳам аз истинои аҳли Балх
Диққи мисрӣ ҷодуӣ кардасту румӣ бистарӣ,
Бар сари мулки чунон фориғ набошад кас чу ман,
Ҳаббазо, мулке, ки бошад афсараш беафсарӣ!
Дӣ зи хоки Ховарон чун зарра маҷҳул омада,
Гашта имрӯз андар он чун офтоби ховарӣ.
Бо чунинҳо ончунонҳо зояд аз хотир маро?
Эй аҷаб, аз об хушкӣ зояд, аз оташ тарӣ!
Ин ҳама бигзор, охир, оқилам дар нафси хеш,
К-одамиро ақл ҳаст аз мумкиноти аксарӣ.
Пас, чи гӯӣ, ҳаҷв гӯям Балхро, к-аз ҳар дараш
Гар дарояд дев, бинҳад аз бурун мустакбарӣ?!
То ту фурсатҷӯй гардӣ дар камингоҳи ҳасад,
Ғуссаи даҳсоларо боре ба саҳро оварӣ.
Таъвил – шарҳу баён.
Истино – такя.
Диқ(қ) – бемории сил.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё