Мунтахаби девон

ДАР ҚАНОАТУ ХЕШТАНДОРӢ
Маро дӯсте гуфт: «Охир, куҷоӣ,
Чаро бештар назди мо менаоӣ?».
Ба ташвиргуфтам, ки «Аз бесутурӣ
Ба бегонагӣ мекашад ошноӣ».
Маро гуфт: «Чун боргире нахоҳӣ,
Ки аз хидматат нест рӯи раҳоӣ?»
Ба байти Имодӣ ҷавобаш бигуфтам,
Чи гуфтам-ш, гуфтам, ки «Эй рӯшноӣ,
Маро аз шикастан чунон бок н-ояд,
Ки аз нокасон хостан мӯмиёӣ!»
НАСИҲАТ
Ту, агар шеър нагӯӣ, чи кунӣ, хоҷа ҳаким,
Бе василат натавонӣ, ки ба дарҳо пӯӣ!
Ман, агар шеър нагӯям, пайи коре гирам,
Ки халосӣ диҳад аз ҷоҳилию бадхӯӣ!
Ман ҳама шаб варақи зарқ фурӯ мешӯям,
Ту ҳама рӯз рухи оз ба хун мешӯӣ!
Қимати умри ману умри ту яксон набувад,
К-он чи ман ҷӯям аз ин умр, ту он кай ҷӯӣ?!
Бодиринге бадали умр, ки дар хона ниҳанд,
Бӯи он мебарам, алҳақ, ту ҳамоно ӯӣ!
Зоеъ аз умри ман он аст, ки шеъре гӯям,
Ҳосил аз умри ту он аст, ки шаъре гӯӣ!
Сутур – шутур; ҳама саворӣ.
Боргир – маркаб.
Зарқ – фиреб, найранг.
Оз – ҳирс, ҳарисӣ.
Шаър – мӯй, мӯйсар, болопӯши мӯина.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор