Зеҳн
Мунтахаби девон

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 328 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Бар ту арчанд дар анвои сухан товон ҳаст,
Андар ин шеър шикоят зи дари товонӣ!

Гар ба фармон сухане гуфтам, м-озор зи ман,
3-он ки куфр аст дар ин ҳазрат нофармонӣ!

ДАР МАВЪИЗА

Пешӣ зи ҳунар талаб, на аз мол,
Акнун боре, ки метавонӣ.

Ҳон, то ба хаёли бад чу дунон
Дар ҳоли ҳаёти инҷаҳонӣ.

Афзун накунӣ бар он чи дорӣ,
Қонеъ нашавӣ бад-он чи донӣ.

Машғул машав ба тан-на инӣ,
Фориғ манишин зи ҷон – на онӣ.

Гар ҷон-т ба илм дар тараққист,
Онак, тую мулки ҷовидонӣ!

Варна чу ба марги ҷаҳл мурдӣ,
Ҳаргиз нарасӣ ба зиндагонӣ.

Донӣ, чи қиёси рост, бишнав,
Бар худ чи китоби ишва хонӣ!

3-ин сӯи аҷал бубин, ки чунӣ, 3-он сӯи аҷал чунон бимонӣ!


Ҳар он гоҳ, ки чун ман наоям, нахонӣ,
Чунон бошад эдун, ки оям, биронӣ.

Нахонӣ маро, чун нахонӣ касеро,
Ки мадҳи ту хонад, чу ӯро бихонӣ.

Киро ҳамсари хеш чун ман гузинӣ?
Киро ҳамбари хеш чун ман нишонӣ?

Ҳазрат – даргоҳ.

пешина
аз 328
навбатӣ