Мунтахаби девон

Аз паси он ки ба як муҳр ду алфи маликӣ
Дошт дар Балх Маликшод ба ту арзонӣ
В-аз паси он ки ҳазори дигарат дод вазир,
Қарзи он пири сарахсӣ шуда туркистонӣ
В-аз паси он ки инъоми ҷалол-ул-вузаро
Ба ту дар сол расад муҳрии понсадгонӣ,
Эй ба доноӣ маъруф, чаро мегӯӣ
Дар саное, ки фиристодӣ аз нодонӣ:
«Тоқи Бӯтолиби неъма-ст, ки дорам зи бурун
В-аздарун пираҳани Булҳасани Имронӣ».
Чи бахилӣ, ки ба чандон зару чандин неъмат
Тоқию пираҳане кард даме натвонӣ!
Понздаҳ сол фузун бошад, то кушта шудаст
Булҳасан – он ки зи эҳсон-ш сухан меронӣ.
Пираҳанкуҳнаи ӯ гар-т ба ҷой аст ҳанӯз,
Пас, махон пираҳанаш, гӯ зираҳу хафтонӣ!
Боқии умр бас он пираҳану тоқ туро,
Шояд ар надҳӣ ибромдигар, настонӣ!
Гидяю куфр дар ашъор шиор аст туро,
Куфр дар маддию дар гидя ҳаме куфронӣ.
Бо қазою қадар устох чароӣ ту чунин,
Гар қазою қадари ҳукми Худо медонӣ?
Мағзи фазлу ҳикаму маҳзи маъолӣ монанд
Гар зи девони худ ин як-ду варақ гардонӣ,
Неъмат онрост заёдат, ки ҳама шукр кунад,
Ту наӣ аз дари неъмат, ки ҳама куфронӣ!
Сифати куфр ба шеъри ту дарафзуд чунон –
Бақ-бақ аз Фозилию тантана аз Хоконӣ!
Алф – ҳазор.
Устох – густох.
Маъолӣ – бузургӣ, баландӣ.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо