Зеҳн
Мунтахаби девон

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 328 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Шояд, ки хӯрам ғами ҷавонӣ,
К-аз пирии худ чу баррасидам,

3-оина муоина бидидам
В-аз шона ба сад забон шунидам!

ДАР ИШТИЁҚИ ДӮСТЕ ВА ТАЛАБИ МУКОТИБОТ АЗ Ӯ

Зи рӯзгор ба як номаи ту хурсандам,
Ки дар дуо ҳама он хоҳам аз Худовандам!

Шунидаам, ки ба хурсанд кам гарояд ғам,
Ғамам чарост, ки аз ту ба нома хурсандам!

Зи ҳар чи бошад, хурсандро басанда бувад,
Чаро, ки бе ту ҳаме умру айш напсандам!

Марову ҳоли маро бе ҷамоли талъати ту
Сифат надидам аз ин беҳ, чу дил барафкандам.

Чунон ки ташна ба оби ҳаёту мурда ба ҷон,
Ба ҷони ту, ки ба дидорат орзӯмандам!

ДАР ШИКОЯТ

Нарасад гирди сар фароз ҳаме
Хоҷа, дар хидмати ту дасторам,

Аз гиребони ман надорӣ даст,
То дигар домане ба даст орам!

ДАР ҲАСБИ ҲОЛ ВА ВОРАСТАГИИ ХЕШ

Умеду бим диҳад халқро мусаххари хеш,
Бад-ин ду хештан аз халқ бозпас дорам.

Маро чу дар дил аз ин ҳарду ҳеҷ нест, аз ӯ
Ҳазор нокас пешам, гараш ба кас дорам!


Худойгоно, соле муқим биншастам
Ба бӯи он, ки магар беҳ шавад зи ту корам.

Ҳаме наояд нақше, ба хира чӣ-хрӯшам?
Ҳаме нагардад корам, нафир чун дорам?

пешина
аз 328
навбатӣ