Мунтахаби девон

Ҳар куҷо, к-ӯ нишаст аз паси тиб,
Дарзамон бонги марг бархезад.
Малакулмавт кӯфта дорад
Андар он доруе, ки омезад!
ДАР ҲИКМАТУ МАВЪИЗАТ
Рӯзро ройгон зи даст мадеҳ,
Нест имкони он ки бозрасад.
Дасти ин рӯзҳои кӯтоҳ аст,
Ки бад-он давлати дароз расад.
Ончи з-он чора нест, онро бош,
Ба сарат гар чи турктоз расад.
Соя бар каҳбаи ҷаҳон мафкан,
То барат офтоби ноз расад.
Боре аз роҳи хештан бархез,
Чунки корат ба эҳтироз расад.
Нафс бо банди орзӯ бар пой
Дер дар ақли бениёз расад.
Муҳраю Ҳуққа аст моҳу сипеҳр,
Ки ба шогирди ҳуққабоз расад.
Мустаъиддонба коми хеш расанд,
Корҳо чун ба корсоз расад.
Умр барногузир тафриқа кун,
То аз ӯ чанд қисми оз расад.
Ҳар киро дарди ногузир гирифт,
Кай ба ғам хӯрдани маҷоз расад?
Якғизо шав, ки моя чандон нест,
Ки ҳама чизро фароз расад!
Турктоз – ҳуҷуми туркон, ногаҳонӣ.
Эҳтироз – парҳез.
Ҳуққа – фиребу найранг, чашмбандӣ.
Якғизо – якрӯ, якҷиҳат; қонеъ.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо