Зеҳн
Мунтахаби девон

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 328 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

ДАР ШИКОЯТИ ДАҲР

Кай бувад ин сипеҳри ҳодисазой
Ҷумла аз якдигар фурӯ резад?

То чу парвезан аст ӯ, ки мудом
Бар ҷаҳон оташи бало безад.

Дар ҷаҳон бӯи офият нагзошт,
Чанд аз ин ранг фитна омезад?

Барнахезад магар ба дасти ситам,
Ман надонам, к-аз ин чи бархезад!

Менаёрам гурехт, варна на ман,
Дев аз ин рӯзгор бигрезад!

Ба биюсӣ чу гурба чанд кунам, 3-он ки чун саг зи бад напарҳезад?

Биллаҳ, азбаски ин лаимзуфар
Бо муқимони хок бистезад.

Ончунон шуд, ки бар фалак ба масал,
Шер бо гов агар баровезад,

3-он ки бошад, ки дар мизоҷи фалак
Чун палангон фасоде ангезад.

Ҳар куҷо дар дили замин мушест ,
Сарнагунсор бар фалак мезад!

ТАБИБЕРО МАЗАММАТ КУНАД

Муқбиле он ки рӯзу шаб идбор
Аз сару риши ӯ ҳамерезад,

Даст бар набзи ҳар касе, ки ниҳод,
Рӯҳи ӯ аз уруқ бигрезад;

Биюсӣ – умеди беҳбудӣ.
Лаимзуфар – нокас, фурӯмоя.
Маънии се байти охир: агар дар фалак гов (савр) бо шер (асад) ба ҷанг ояд, ҳар муши замин, барои афзудани фасоди фалак рӯболо мемезад; яъне, фасоди заминиён бар фалак беасар нест.
Уруқ – рагҳо.

пешина
аз 328
навбатӣ