Мунтахаби девон

Ҳар замон гӯӣ, бирезам хуни ту,
Рағми бадхоҳон магӯю он макун.
Сар магардон аз ману, эй ҷон, маро
Дар ҳавои хеш саргардон макун.
Анвариро беҷиноят, эй нигор,
Дар ғами ҳиҷрони худ гирён макун.
Шарм дор, охир, ҷафо чандин макун!
Қасди озори мани мискин макун!
Пое аз ғам дар рикоб овардаем,
Беш аз ин аспи ҷафоро зин макун!
Дар ғами Моҳи гиребонат маро
Ҳар шабе доман пур аз Парвин макун!
Чанд гӯӣ, ёри дигар мекунам,
Ҳар чи хоҳӣ кун, валекин ин макун!
Бӯсае хоҳам, тамаъ дар ҷон кунӣ,
Нақд кардам, гиру ҳону ҳин макун!
Чун сабукрӯҳӣ, гаронкобин мабош,
Ҷони ширин, нози ноширин макун!
Ишқро гӯӣ, фулонро хун бирез,
Ишқро хун рехтан талқин макун!
Ҷони ман, иди туро қурбон басест,
Анвариро аз миён таъйин макун!
Зи ман баргаштӣ, эй дилбар, дареғо рӯзгори ман,
Шикастӣ аҳди ман яксар, дареғо рӯзгори ман.
Дилам ҷуфти ано кардӣ, ба ҳаҷрам мубтало кардӣ,
Вафо кардам, ҷафо кардӣ, дареғо рӯзгори ман.
Ҳон – огоҳ бош, бохабар.
Ҳин – эҳтиёт бош; бишитоб.
Кобин – маҳр, қалин.
Ано – ранҷ, ғам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё