Равзанаи адаб

Аз таърихи рўдакишиносӣ дар Тоҷикистон
Абўабдуллоҳ Рўдакӣ аз зумраи он шоирони бузурги олам аст, ки аҳволу осорашон ҳанўз дар замони зиндагӣ таваҷҷўҳи хонандагону муҳаққиқонро ҷалб намудааст ва бо мурури замон он таваҷҷўҳ ҳар чӣ бештар гаштааст. Ба хусус ин таваҷҷўҳ дар ватани ў Мовароуннаҳр ва Тоҷикистони кунунӣ хеле назаррас будааст.
Муҳаққиқон таърихи омўзиши аҳволу осори устод Рўдақиро аз ибтидои асри XIX дар Аврупо дониста, аз ҷумла асари шарқшиноси фаронсавӣ Амеде Журден «Эрон»-ро аввалин асар роҷеъ ба Рўдакӣ шуморидаанд. Ҳол он ки маълумоти дар ин асар роҷеъ ба Рўдакӣ сабт гардида аз иттилооти «Хизонаи омира» ва «Баҳористон»-и Ҷомӣ нақл шудааст. Бинобар ин ба назари мо таърихи омўзиши аҳволу осори Рўдакиро бояд аз замони худи ў шурўъ кард. Ҳарчанд аз тазкираву осори адабиётшиносии замони Сомониён чизе боқӣ намондааст, алҳол ишораҳои Шаҳиди Балхӣ, Кисоии Марвазӣ, Маъруфии Балхӣ, Дақиқӣ, Абўзироаи Гургонӣ, Абулқосими Фирдавсӣ ва амсоли инҳоро метавон нахустин иттилоот роҷеъ ба устод Рўдакӣ донист. Зеро он ишораҳо ҳар кадом ягон ҷанбаи аҳволу осори шоири бузургро равшан менамоянд.
Бо назардошти ин нукта рўдакишиносиро дар Тоҷикистон метавон ба се давраи калон ҷудо кард:
- Давраи аввал аз замони Рўдакӣ то ибтидои қарни XX.
- Аз солҳои бисти қарни XX то соли 1956.
- Аз соли 1956 то имрўз.
Давраи аввал, ки беш аз 900 сол тўл дорад, асосан манобеи гуногуни адабиву таърихиро дар бар мегирад. Баррасии муқоисавии ин манобеъ таҳқиқи ҷудогонаро тақозо менамояд.
Ҳоло бо зикри ин нукта иктифо мешавад, ки ҳарчанд маълумоти сарчашмаҳо дар бораи Рўдакӣ хеле мухтасар ва бештар такрорианд, вале онҳо барои равшан кардани ҷанбаҳои гуногуни аҳволу осори шоир хеле судманданд. Бинобар ин ҷустуҷўйро дар заминаи пайдо кардани сарчашмаҳои нав бояд ҳарҷониба вусъат дод.
Давраи дувуми рўдакишиносӣ дар Тоҷикистон бо осори устод С.Айнӣ оғоз меёбад. Ў «Намунаи адабиёти тоҷик»-и худро, ки соли 1926 дар Маскав ба табъ расидааст, бо нақли шарҳи ҳол ва намунаи осори Рўдакӣ бо зикри маъхазҳо шурўъ намуда, дар поён чанд матлаби муҳимро баён кардааст. Ў мақоми баланди Рўдакиро дар адабиёти тоҷику форс нишон дода, андешаи Давлатшоҳи Самарқандиро дар бораи сабки ашъори шоир рад мекунад ва дуруст таъкид менамояд, ки «шеъри Рўдакӣ дар камоли равонӣ ва дорои фасоҳату малоҳат аст». Устод Айнӣ ҳамчунин дар хусуси ном, куния ва зодгоҳи шоир изҳори назар карда, маълумоти худро бо чунин андешаи ватандўстона ба поён мерасонад: «Ба ҳар ҳол зуҳури устоде мисли Рўдакӣ аз Мовароуннаҳр боиси ифтихори мо тоҷикон аст».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё