Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

22).
Дар мақолаи дигари Муҳаммад Дабири Сиёқӣ «Сездаҳ раҳ сад ҳазор» масъалаи миқдори ашъори шоир ба миён гузошта шудааст. Муаллиф дар атрофи маълумоти «Лубобулалбоб» ва махсусан, шеъри машҳури Рашидии Самарқандӣ баҳс кушода, мисраи «шеъри ўро ман шумурдам сездаҳ раҳ сад ҳазор»-ро дар шакли зер тасҳеҳ менамояд :
«Шеъри ўро ман шумурдам сӣ рада : даҳ, сад, ҳазор» ва ба чунин натиҷа мерасад : «Даҳ, сад, ҳазор, яъне адади даҳ ба иловаи сад ба иловаи ҳазор, ки мешавад ҳазору саду даҳ(1110) ва чун ин рақами ҳазорусаду даҳро дар сӣ рада(сӣ саф) бинависем(яъне монанди арқоми ҷамъи имрўз зери ҳам қарор диҳем) адади сиву се ҳазору сесад(33300) ба даст меояд, ки рақами бисёр маъқулест барои шумораи абёти Рўдакӣ»(саҳ. 309
– 310). Ин пешниҳоди Дабири Сиёқӣ, ки ҳанўз соли 1358\ 1979 тавассути маҷаллаи «Яғмо» баён шуда буд, мавриди қабули аҳли илму адаб қарор нагирифт.
Мақолаи Бадеуззамон Фурўзонфар «Рўдакӣ» низ ба шарҳи ҳоли шоир бахшида шудааст. Муаллиф қабл аз ҳама ному насаб ва зодгоҳи шоирро муайян намуда, сипас ба баррасии масъалаи «кўрии Рўдакӣ» мегузарад. Ў маълумоти сарчашмаҳоро дар ин бора зикр намуда, ба хулосае меояд, ки шоир «дар оғоз нобино набуда» баъд ўро кўр кардаанд ва ҳангоми назми «Калила ва Димна» ў кўр будааст. Тавре ки баъдтар хоҳем дид, ў аз ин андешаи худ баргашта саъй менамояд, ки кўри модарзод будани Рўдакиро ба субут расонад.
Фурўзонфар дар бораи миқдори ашъори Рўдакӣ таваққуф намуда, гуфтаи Рашидии Самаркандиро муболиға медонад. Зеро «нисбати ин миқдор шеър ба шоире, ки дар ибтидои зуҳури каломи манзум буда ва ҳанўз забон барои таъбироти адабӣ парвариши комил наёфта буд ва шеър гуфтан ба осонӣ даст намедод, ба суҳулат қобили қабул нест» (саҳ. 30).
Ба ин андешаи Фурўзонфар наметавон розӣ шуд. Зеро забони форсии дарӣ дар ин давра хеле такомул ёфта, ба авҷи рушду камолот расида буд. Таълифи на танҳо ашъори фаровон, балки осори пурбаҳои илмиву динӣ, ҳатто «Донишнома»-и манзуми Ҳаким Майсарӣ ва чандин «Шоҳнома»-и манзуму мансур гувоҳи пешрафти он аст. Маҳз камолоти забону адаби ин давра боиси мондагорӣ ва идомаи онҳо дар асрҳои баъд шудааст.

пешина
аз 625
навбатӣ