Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Маҷмўаи «Ёди ёри меҳрубон» беҳтарин мақолаҳои илмиеро, ки донишмандони маъруфи Эрон дар бораи аҳволу осори Рўдакӣ таълиф кардаанд, дар бар мегирад. Дар «Ёддошт»-и Алии Деҳбошӣ, ки маҷмўа бо он оғоз меёбад, ба муҳимтарин лаҳзаҳои рўзгору осори шоир ишора шуда, арзиши волои ашъори ў таъкид гардидааст.
Мақолаи аввали маҷмўа «Рўдакӣ» ба қалами донишманди маъруфи эронӣ Муҳаммад Дабири Сиёқӣ тааллуқ дорад, ки дар он шарҳи ҳоли мухтасари шоир дода шудааст.
Дар зимни мақола ба баъзе масъалаҳои баҳсноки аҳволу осори шоир ишора шудааст. Аз ҷумла муаллиф масъалаи нобиноии шоирро ба миён гузошта, таъкид менамояд, ки «гурўҳе аз тазкиранависон ба кўрии модарзодии ў ишора кардаанд»(саҳ.
19).Пас аз нақли маълумоти сарчашмаҳои гуногун амсоли ашъори Абўзироаи Гургонӣ, Дақиқӣ, Фирдавсӣ, Носири Хусрав ва абёти худи Рўдакӣ ба натиҷае мерасад, ки қобили таваҷҷўҳ мебошад: «Гўё гуфтаи дуруст он бошад, ки Маҳмуд ибни Умари Наҷотӣ соҳиби китоби «Басотинулфузало ва раёҳинулуқало», ки дар соли 709 ҳ.қ. таълиф шуда ва шарҳи «Таърихи Утбӣ» аст, ёд карда ва он ин ки «Рўдакӣ дар поёни умр кўр шудааст» (саҳ. 20).
Дар ҳақиқат баррасии амиқи масъалаи мазкур ва далелҳои зиёди дигар дурустии андешаи мазкурро ба субут мерасонанд.
Муаллифи мақола ҳамчунин ба баҳси роҷеъ ба миқдори ашъори Рўдакӣ ишора намуда, сабабҳои устодии ўро чунин ба қалам додааст : «Сирри ин саршиносиву устоди мусаллам шинохта шудани Рўдакиро дар чанд нукта бояд ҷуст : яке мояварии табъи суханофарини ўст, ки аз нерумандии ҳофиза ва диди жарфу таваҷҷўҳи амиқ ба мабонии адабу дониши забон натиҷа шудааст. Дигар қудрати тасаввур ва дурпарвозии хаёли ўст дар халқи мазомини борик ва ҳамакасфаҳму латиф. Нуктаи севум, ки дар нозукхаёлии Рўдакӣ ва бештари шоирони қарни чаҳорум асари амиқ дорад ва аз мухтассоти шеъри ин давра шинохта мешавад, тавоноии шоир дар васфи табиат ва тавсифи манозири табиӣ ва сохтани мазомини шоирона аз талфиқи авомили зебо ва содаи офариниш аст, чизе ки барои ҳама кас зебоиву қобилияти дарк дорад ва дар либоси ташбеҳотест, ки аркони он аз сувари маҳсус моя гирифтааст ва дар қолаби суваре аз хаёл аст, ки аҷзои он дар олами хориҷ мавҷуд ва барои ҳама кас маҳсус аст» (саҳ.

пешина
аз 625
навбатӣ