Равзанаи адаб

Вақти он расидааст, ки бо ҳамкории китобшиносони эрониву тоҷик як феҳрасти мукаммале роҷеъ ба аҳволу осори Рўдакӣ офарида шавад. Ин ҳам барои роҳнамоӣ дар шинохти шоир зарур аст ва ҳам барои рушди рўдакишиносӣ мусоидат хоҳад кард.
«ДОНИШНОМАИ РЎДАКӢ» ВА ВЕЖАГИҲОИ ОН
Донишноманигорӣ таърихи басо қадимӣ ва суннатҳои ғанӣ дошта, намунаҳои нахустини онро дар адабиёти Юнону Рими қадим ва Эрони бостон метавон пайдо намуд. Муҳаққиқи эронӣ- Маҳноз Муқаддасӣвалин донишномаи форсӣ» медонад, ки дар асоси «Авесто» навишта шуда, аз нўҳ китоб иборат аст ва муҳимтарин иттилоотро дар бораи дини зардуштӣ дар бар мегирад.
Китобҳои «Бундаҳишн», «Додистони динӣ», «Зодиспарам»-ро низ аз ҷумлаи донишномаҳои тоисломӣ донистаанд, ки ба талаботи ин навъ асар ҷавобгўянд, зеро дар онҳо ба таври ҷомеъ ва куллӣ дар бораи дину оини зардуштӣ иттилоъ дода шудааст.
Дар ибтидои давраи исломӣ таълифи донишномаҳо ба забони арабӣ густариш пайдо мекунад, ки «Эҳсоъулулум»-и Абўнасри Форобӣ, « Ҷаво меъулулум»-и Ибни Фариъун, «Мафотеҳулулум»-и Муҳаммади Хоразмӣ аз намунаҳои барҷастаи онҳо ба шумор мераванд.
Дар асрҳои миёна, бахусус дар асрҳои 1Х-ХV ба забони форсии дарӣ донишноманависӣ ривоҷ пайдо мекунад ва як силсила донишномаҳои манзуму мансур ба вуҷуд меоянд. Яке аз аввалин донишномаҳои манзум «Донишнома»-и Ҳаким Майсарист, ки роҷеъ ба бемориҳои инсон «аз мўй то нохуни пой» маълумот медиҳад ва қабл аз «Алқонун фиттибб»-и Абўалӣ ибни Сино, ки ҷаҳониён ҳамчун донишномаи мукаммали тиббӣ эътироф кардаанд, дар соли 980 офарида шудааст. Вале аз чӣ сабаб бошад, ки Маҳнози Муқаддасӣ ин китоби муҳимро нодида гирифта, иддао дорад, ки унвони «донишнома» нахустин бор дар китоби «Донишнома»-и Алоӣ - асари Ибни Сино ба кор рафт» ва шарҳи донишномаҳои форсиро бо ин асари Ибни Сино оғоз намудааст.
Дар ҳоле ки худи Ҳаким Майсарӣ асарашро «Донишнома»
номида, ҷанбаи умумиву ҷамъбастӣ доштани онро таъкид намудааст:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор