Равзанаи адаб

Бахши тарҷумаҳо бештар мақолаҳои муҳаққиқони хориҷиро роҷеъ ба Рўдакӣ дар бар мегирад, на тарҷумаи осори шоирро.
Дар бахши мақолаҳои ғайриэронӣ ба забони аксари мақолаҳо ишора нашудааст. Аз ин рў хонанда гумон мекунад, ки мақолаҳои М. Турсунзода, А. Деҳотӣ, А. Хромов, Е. Э. Бертелс, М.
Занд, А. Болдирев, М. Бақоев, Р. Аҳмадов, В. Эпифанова ва амсоли инҳо ба забони тоҷикӣ чоп шудаанд. Дар ҳоле ки мақолаҳои мазкур ба забони русӣ дар рўзномаву маҷаллаҳои русӣ интишор ёфтаанд, вале дар китоб унвони ҳам мақолаҳо ва ҳам нашрияҳо ба забони форсӣ сабт гаштаанд. Дар ҳамин бахш мақолаи «Рўдакӣ ва қарматия» ба Е. Э. Бертелс мансуб дониста шудааст, дар ҳоле ки он ба писари ў Андрей Бертелс тааллуқ дорад.
Асари маъруфи донишманди ҳинд Шиблии Нўъмонӣ «Шеърул Аҷам» дар радифи «Лубобулалбоб»-и Муҳаммад Авфӣ, «Маҷолисуннафоис»-и Алишери Навоӣ, «Риёзушшуаро»-и Волаи Доғистонӣ дар бахши тазкираҳо ҷой дода шудааст. Ба назари мо асари мазкур ҷанбаи қавии таҳқиқӣ дошта, ба таърихи адабиёт бештар қаробат дорад.
Яке аз қисматҳои бузурги «Китобшиносии осори Рўдакӣ»
бахши поённомаҳо мебошад, ки асосан номгўи поённомаҳои коршиносии аршади донишгоҳҳои Эронро (муодили рисолаҳои дипломӣ) фаро мегирад. Аввалан, он поённомаҳо ба ҳукми дастнавис буда, аз онҳо ҳамаи хонандагону муҳаққиқон наметавонанд истифода кунанд. Сониян, чунин поённомаҳо дар кишварҳои дигар низ фаровонанд, ки мавриди истифода қарор нагирифтаанд. Аз ин рў дар ин бахш танҳо зикри поённомаҳои докторӣ кофӣ буд.
Бахши рўдакишиносон, ки шарҳи ҳоли як зумра донишмандони эрониву ғайриэрониро дар бар мегирад, барои муаррифии онҳое, ки дар таҳқиқи аҳволу осори шоир саҳм гузоштаанд, хеле судманд аст. Вале дар ин бахш дар бораи Е. Э Бертелс, М. Н. Усмонов, Р. Ҳодизода, А. Тоҳирҷонов, А.
Афсаҳзод, А. Сатторзода, С. Саъдиев ва амсоли онҳо, ки дар рўдакишиносӣ саҳми шоиста доранд, иттилооте дода нашудааст.
Дар «Китобшиносии осори Рўдакӣ» на танҳо асарҳои зиёди рўдакишиносони ғайриэронӣ, балки осори муҳаққиқони эронӣ роҷеъ ба Рўдакӣ низ ворид нашудаанд. Аз ҷумла, ба мақолаи Муҳаммад Алии Сипонлу, ки дорои бозёфте аз осори Рўдакӣ мебошад, мақолаи муфассали Ҳасани Надимхоҳ «Аносири ташкилдиҳандаи шеър дар девони Рўдакӣ» ва амсоли инҳо ишорае ҳам нашудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор