Равзанаи адаб

Ниҳоят соли 1987 нусхаи «Донишнома»-и Майсарӣ аз тарафи Муассисаи мутолиаи исломии Донишгоҳи Макгил бо ҳамкории Донишгоҳи Теҳрон ба эҳтимоми донишманди эронӣ Бароти Занҷонӣ ба табъ расид, ки бо мақолаи файласуфи маъруф Маҳдии Муҳаққиқ «Ҷанбаҳое аз илми пизишкӣ дар ислом» оғоз меёбад. Дар пешгуфтори Бароти Занҷонӣ тарҷумаи ҳоли Майсарӣ, мазмуну мўҳтавои «Донишнома» ва баъзе хусусиятҳои адабиву забони он мавриди баррасии кўтоҳ қарор гирифтааст. Дар ҳошияи матни китоб баъзе калимаву таъбирҳои номафҳум шарҳу тавзеҳ ёфтаанд.
Бо ин ҳама, «Донишнома»-и Майсарӣ қиёсан бо рисолаҳои дигари адабиётшиносону забоншиносон ҳанўз бояду шояд таҳқиқ нашудааст. Ин ҷо танҳо дар хусуси мундариҷаи рисола, муносибати забони форсии тоҷикӣ ба забони «Донишнома» ва баъзе масъалаҳои истилоҳсозӣ дар он таваққуф хоҳад шуд.
Дар бораи шахсияти Майсарӣ ва ҳолномаву осори ў дар сарчашмаҳо маълумоте ба назар намерасад. Дар ин бобат танҳо дар рисолаи ў «Донишнома» баъзе ишораҳо ҳастанд. Аз байтҳои зайли рисола маълум мегардад, ки Майсарӣ соли 370 ҳ./980 м. дар синни 46 солагӣ асарашро ба поён расонидааст. Аз ин рў ба таваллуди ў дар соли 324 ҳ./935 м. ҷои шубҳае нест:
Биянҷомид «Донишнома»-и ман,
Баромад з-ў муроди комаи ман.
Ба соли сесаду ҳафтод будем,
К-аз ин нома ҳамепардохт шудем…
Ман аз ду бисту се даргузаштам, Ва девони ҷавонӣ барнавиштам.
Майсарӣ аз устодони худ илми тибро омўхтааст:
Зи устодон ман ин нусха гирифтам, Дар ин нома туро некў бигуфтам.
Панири хушк хўрдан хушк кунад бод В-аз ин устод огоҳӣ ба ман дод.
Майсарӣ аз осори табибони маъруфи Шарқу Ғарб огоҳии хуб доштааст, ки дар рисола борҳо ба Буқроту Афлотун, Арастуву Ҷолинус, Ҳермесу Муҳаммад Закариёи Розӣ ишора кардааст.
Аз байтҳои зерини «Донишнома» бармеояд, ки Майсарӣ пас аз андешаи зиёд асари худро ба сипаҳсолори маъруфи мулаққаб ба Носируддавла бахшидааст:
Фаровон бар дилам андеша дорам, Хирадмандиву дониш пеша дорам.
Ки бигзинам шаҳе донову бедор, Ки ҳаст ин хуб донишро харидор.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор