Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Танҳо бо ғамхории дилсўзонаи мақомоти бонуфузи ҷаҳонӣ метавон нусхаҳои хаттиро ки сармояи муҳим ва пурбаҳои фарҳангии ҳар миллат ва махсусан мардумони эронинажод аст, ба таври шоиста ҳифзу таҳқиқ намуд ва манзури оламиён гардонид.

Тибномаи манзум аз аҳди Сомониён

Тибби форсу тоҷик ҳам монанди адабиёту фарҳанги оламшумули он таъриху суннатҳои ғаниву қадимӣ дошта, ганҷинаи тибби ҷаҳониро бо асарҳои гаронбаҳои илмӣ бой гардондааст. Дар бахшҳои гуногуни илми тиб дар тўли беш аз ҳазор сол садҳо асарҳо офарида шудаанд, ки ҳар кадом маҳсули заҳмат ва натиҷаи таҷрибаву андўхтаҳои табибони тиббӣ на аз тарафи донишмандони тиб ва на аз ҷониби маъруф буда, барои пешрафти тиб хидмати босазо кардаанд. Вале, мутаассифона, имрўз аксари онҳоро гарду ғубори фаромўшӣ пўшонидааст ва таърихи тибби тоҷик то кунун ба таври бояду шояд омўхта нашудааст.
Яке аз ҳамин гуна асарҳои кам тадқиқшуда куҳантарин рисолаи манзуми тиббӣ «Донишнома»-и ҳаким Майсарӣ мебошад, ки дар аҳди Сомониён, дар замони бедориву худогоҳӣ ва ташаккулу худшиносии миллии мардуми тоҷик ба забони форсии дарӣ офарида шудааст. Аз ин рисолаи пурарзиш алҳол танҳо як нусхаи хаттӣ маълум аст, ки он дар Китобхонаи миллии Париж таҳти шумораи R– 87779-310 маҳфуз буда, дорои 164 варақ аст ва 8448 байтро дар бар мегирад. Ин нусхаи ягона соли 852 ҳиҷрӣ-1448 мелодӣ ба қалами Маҳмуди Табрезии Шоҳномахон китобат шудааст. Пас аз тавсифи мухтасари Феҳрасти нусхаҳои хаттии Китобхонаи миллии Париж бори аввал аҳли илму адабро бо ин рисола ва нусхаи ягонаи он ховаршиноси маъруфи фаронсавӣ Жилбер Лазар ошно намудааст. Ў ба муносибати ҷашни 1100- солагии устод Абўабдуллои Рўдакӣ таҳти унвони «Ду рисолаи тиббии асри Х ба забони форсии дарӣ» мақолае дарҷ намуда, «Ҳидоятулмутааллимин фиттиб»-и Абўбакр Рабеъ бинни Аҳмад Ахвайни Бухороӣ ва «Донишнома»-и ҳаким Майсариро чун намунаҳои барҷастаи асарҳои тиббии замони Сомониён муаррифӣ мекунад ва ба қиммати илмиву амалии онҳо баҳои баланд дода, таваҷҷўҳи донишмандони соҳаҳои мухталифи илмро ҷалб менамояд.
Сипас донишмандони соҳаҳои гуногун Ҷалоли Матинӣ, Раҳим Ҳошим, В. Капранов, Ю. Нуралиев дар зимни асарҳои худ ба «Донишнома»-и ҳаким Майсарӣ ишораҳо намуда, асосан баҳои баланди Жилбер Лазарро таъкид кардаанд.

пешина
аз 625
навбатӣ