Равзанаи адаб

210). Вале шарҳи минбаъдаи худи муаллифон нишон медиҳад, ки ин ду омил на ба рушди адабиёт, балки ба заъфу касоди он боис шудаанд.
Ҷараёни маорифпарварӣ, ки дар он замон ба вуҷуд омад, тавре муаллифон дуруст таъкид кардаанд, «алорағми сиёсати амирӣ буд», яъне бар хилофи он ду омил сурат гирифтааст. Бингобар ин дар китоби дарсӣ ҳангоми баёни андешаҳои назарӣ бояд боэҳтиёт ва санҷида сухан гуфт.
Норасоии дигари адабиётшиносии мо ва китобҳои дарсии адабиёти тоҷик, ки имрўз рў ба ислоҳ овардааст, баррасии оҳангҳои тасаввуфӣ дар осори адибони гузашта аст. Пўшида нест, ки тасаввуф дар асрҳои миёна бо адабиёт ва фарҳанги мо омезиш пайдо карда, ба ҷузъи таркибии осори аксари адибон табдил ёфтааст, Бесабаб нест, ки як гурўҳро орифони шоир ва гурўҳи дигарро шоирони ориф меноманд. Ҳатто дар осори шоироне, ки ба ин ду гурўҳ мансуб нестанд, таъсири андешаҳои ирфониву тасаввуфиро метавон мушоҳида кард. Мисоли он маснавии «Гулзорои Ирам»-и Мушфиқӣ шуда метавонад. Дар китоби дарсӣ мазмуни мухтасари маснавӣ нақл гардида, баъзе хусусиятҳои он баён шудааст. Вале ба моҳияти тасаввуфии он бо ин як ҷумла қаноат шудааст: «Маснавии «Гулзори Ирам» ҳатто аз унвони он пайдост, ки дорои қавитарин оҳангҳои ирфонӣ-тасаввуфӣ аст»(саҳ.
44). Ин ҷо бояд оҳангҳои ирфонӣ-тасаввуфӣ шарҳ дода мешуд, то хонанда аз ҳадафи шоир огоҳ гардад. Ҳамчунин бояд тарзи тасвиру баёни он андешаҳо нишон дода шаванд.
Тавре ки зикр шуд, ҳангоми таҳлили осори адибон бояд бештар ба забон, сабк ва тарзи баёни онҳо таваҷҷўҳ кард. Зеро танҳо ба ин васила метавон ба олами эҷодии онҳо ворид шуд. Дар китоб дар баъзе мавридҳо зерфаслҳои забон ва услуби шоирон ҷудо карда шудааст. Вале ин равиш ба назари мо роҳи ҳалли масъала шуда наметавонад. Бояд таҳлили мазмуну мавзўъ ва забону баён бо ҳам анҷом дода шавад, на ба таври ҷудогона, чунонки дар ҳамаи китобҳои дарсии адабиёти тоҷик ба назар мерасад. Дар асрҳои миёна шарҳнависӣ ба осори адибон ривоҷ дошт, ки аз ҷумла шарҳҳои ба ғазалиёти Ҳофиз, қасоиди Анвариву Хоқонӣ, маснавии Ҷалолиддини Балхӣ, осори Бедил ва амсоли инҳо машҳуранд. Дар он шарҳҳо мо намунаи барҷастаи таҳлили филологиро мебинем. Яъне шореҳон таҳлили асарро аз калимаҳо шуруъ намуда, ҳар вожаву ибораро тавзеҳ медоданд, сипас андешаи муаллифи асар ва бардоштҳои худро ба қалам медоданд.
Ин анъанаро имрўз то андозае дар китобҳои дарсии Эрон мушоҳида кардан мумкин аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор