Равзанаи адаб

Агар дар муқаддима ба умумияту тафовутҳои адабиёт бо навъҳои дигар илму ҳунар, ки инсонро меомўзанд, таваҷҷўҳи бештар мешуд, барои шинохти моҳияти адабиёт судманд буд.
Тавре ки маълум аст, дар замони Шўравӣ таъсири мафкураи сиёсӣ ва иҷтимоигарӣ дар адабиётшиносӣ хеле қавӣ буд ва ин ба китобҳои дарсӣ низ асар гузоштааст.
Хушбахтона, дар замони истиқлол адабиётшиносии мо аз ин дард ба тадриҷ раҳо меёбад, вале ҳанўз нишонаҳои он боқист ва дар китоби дарсии мавриди баррасӣ низ ба назар мерасад.
Ҳангоми таҳлили осори адибон дар аксари мавридҳо ба нақли мазмуну муҳтаво ва ба хусус масъалаҳои иҷтимоӣ таваҷҷўҳ намуда, ба тарзи баёни он андешаҳо, образофарӣ, сувари хаёл ва дигар василаҳои баёни осори адабӣ камтар эътибор дода шудааст.
Ин ҳолат бештар дар зимни таҳлили осори ғиноии ишқӣ ба назар мерасад. Масалан, пас аз таҳлили ғазали ишқие, ки бо матлаи зер шуруъ мешавад:
Ҳар шабе аз оҳи дил кошонаро оташ занам, Шамъро сўзам, дили парвонаро оташ занам.
муаллифон ба чунин натиҷа расидаанд: «Албатта, чунин сурат гирифтани мазмунсозиву маъниофарӣ дар ашъори Мушфиқӣ, пеш аз ҳама дар ғазалиёти ў аз нобасомониҳои замони шоир , аз тангии маишӣ, аз дасткутоҳӣ пеш омадааст.»(саҳ 39).
Дар ғазали мазкур на масоили иҷтимоӣ, балки оҳангҳои тасаввуфӣ ҷой доранд, ки ба хонандаи синфи Х шарҳ додани он зарар надорад.
Ҳатто дар фасли «Аҳмади Дониш» таҳлили ҷанбаҳои бадеии осори ў ба назар намерасад. Дуруст аст, ки Дониш мутафаккир, файласуф муаррих, ҷомеашиноси бузург ҳам буд, вале модом ки ўро чун нависанда дар китоби «Адабиёти тоҷик» ҷой додаанд, бояд бештар ба ҷанбаҳои адабии осори ў таваҷҷўҳ шавад. Он 25 саҳифаро, ки ба шарҳи аҳволу осори Дониш ҷудо шудааст, бидуни тағйир дар китоби «Таърихи халқи тоҷик» ҷой додан мувофиқтар аст. Зеро дар он на танҳо таҳлили адабиётшиносӣ ба назар намерасад, балки пас аз нақли як ғазали Дониш таъкид шудааст, ки он «ҳунармандона нест».
Албатта, тавре ки зикр шуд, адабиёт бо вазъи сиёсиву иҷтимоии замон робитаи қавӣ дорад, вале рушди адабиётро танҳо бо он маҳдуд кардан дуруст нест. Дар зимни баррасии вазъи илму фарҳанг дар нимаи дуюми асри Х1Х муаллифон менависанд:«Барои рушди ин адабиёт дар асрҳои миёна, махсусан ду омили марказӣ: яке идеологияи ҳукмрони давр –идеологияи исломӣ ва дигаре сохтори сиёсӣ-сохти феодалӣ буд»(саҳ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор