Равзанаи адаб

Ҳамчунин зимнан ба ҷанбаҳои дигари китоби дарсӣ амсоли арзишҳои адабиву эстетикӣ, ахлоқиву маънавӣ, ки аз рисолати адабиёт маншаъ мегиранд, ишораҳо хоҳад шуд.
Китоби дарсии Адабиёти тоҷик барои синфи 10 ба адабиёти асрҳои ХУ1-Х1Х бахшида шудааст, яъне китоб маводи панҷ асри таърихи адабиёти тоҷикро, ки дар сарзамини Мовароуннаҳру Хуросон густариш ёфта буд, фаро мегирад.
Адабиёт падидаи иҷтимоист ва ба раванди таърихии ҷомеа робитаи мустақим дорад. Аз ин ҷост, ки дар китоби мазкур адабиёти ҳар давра пайваста бо вазъи замон ва ҳаёти иҷтимоиву сиёсӣ баррасӣ шудааст. Ба хусус дар фасли «Адабиёти асри ХУ111 ва нимаи авали асри Х1Х» ин пайвастагӣ хуб ба қалам дода шуда, хусусиятҳои ҳаёти адабии давр дар робита бо авзои иҷтимоиву сиёсӣ тавзеҳ ёфтааст.
Адабиёти тоҷик дар асрҳои ХУ1-Х1Х низ густариш ва ривоҷ дошта, дар ин давра ҳам теъдоди зиёди адибон ба арсаи эҷод қадам ниҳодаанд. Муаллифони китоби дарсӣ тавонистаанд, намояндагони барҷастаи ҳар асрро, ки дар адабиёти замони худ ҷойгоҳи шоиста дошта ба раванди адабиёт дар асрҳои баъд низ таъсир гузоштаанд, интихоб намуда, аҳволу осори онҳоро ба хонандагон шарҳ диҳанд.
Китоби дарсӣ аз асарҳои илмӣ бо он фарқ мекунад, ки пайваста тағйир меёбад ва бояд ҳамқадами замон бошад ва ҳар тағйироте, ки дар ҳаёт ба вуҷуд меояд, инъикос намояд. Аз ин рў мо мехоҳем андешаҳои худро бештар дар бораи роҳҳои боз ҳам беҳтар кардани сифати китоби мавриди баррасӣ баён намоем.
Китоби дарсӣ, ба хусус китоби дарсии адабиёт бояд аз ибтидо, яъне аз муқаддима бо сабку шеваи баёни худ таваҷҷўҳи хонандаро ҷалб намояд. Дар муқаддимаи китоби «Адабиёти тоҷик» барои синфи 10 муаллифон саъй кардаанд, ки дар бораи хусусиятҳои адабиёти бадеӣ маълумот диҳанд, вале забону баёни он ҷаззобу фасеҳ нест ва ҳатто аз чунин ҷумлаҳои берабту ғалат холӣ нест: «Аз ҷумла: илми луғат, илми наҳв, илми сарф, илми баён, илми арўз, илми қофия, илми хат, илми иншо, илми маонӣ ва ғайра ба шумор мерафтааст.»(саҳ.4); «Илме, ки….адабиётшиносӣ ном дорад, ки он дар навбати худ дорои се қисм аст: таърихи адабиёт, назарияи адабиёт, нақди адабӣ мебошанд.»(саҳ.7); «Ҳадафи шоир дар ин байт эҷоди бадеъро фарзанди эҷодкор гуфтан буда, ў шеърро фарзанди шоир медонад ва бояд ҳаматарафа дар камолоти эҷод саъй намуд, то нуқсоне дар он роҳ наёбад.»(саҳ.8).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор